Оштинопазирӣ нисбат ба қонуншиканӣ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ шуд.

Анъана ва ҷашну маросимҳо як рукни муҳими ҳаёти иҷтимоии ҳастии миллӣ маҳсуб ёфта, бо виҷагиҳои ба худ хос тайи садсолаҳо сайқал дида, ба низом даромадаанд. Бо вуҷуди ин ҳисси тақлидкорӣ ва рақобатҳои бемантиқии одамон ғолиб омада, хароҷоти зиёд дар гузаронидани тўю маъракаҳо боиси исрофкориҳои аз ҳад зиёд гардида, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил дода, ин низомро вайрон карданд.

Ин ҳолат дар замони Шўравӣ низ буд ва мутаассифона, сол ба сол вазъият дар ин самт вазнинтар мешуду беҳтар не, то замоне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро дарк намуда, зарурати муқаррароти қонунӣ гардонидани анъана ва ҷашну маросимҳоро пешниҳод намуданд. Ин ҷост, ки 24 майи соли 2007 дар вохўрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ, Сарвари давлат дар суханронии худ таъкид доштанд, ки «қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳою маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасанд».

Бо ибтикору ташаббуси Сардори давлат ва дастгирии мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид.

Дар як вақт тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардид.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ шуд. Мардуми кишвар бо хушнудӣ аз Қонун истиқбол намуда, тайи ин даҳ сол миллиардҳо сомонӣ маблағро ба манфиати хеш сарфа карданд. Маблағҳои сарфагардида барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пурсамар масраф намудани буҷаи оилавии шаҳрвандон мусоидат намуд.

Баҳри татбиқи босамари қонуни мазкур дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Суғд бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, 134 комиссияи маҳаллӣ ва 2441 комиссияи ҷамъиятӣ дар корхонаю муассиса, ташкилоту ширкат, хоҷагиҳои вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис ёфтаанд, ки иҷрои ин қонунро назорат мебаранд.

Тайи давраи даҳ соли охир сохторҳои зикршуда дар мавриди иҷрои талаботи қонуни мазкур дар бобати бурдани корҳои фаҳмонидадиҳии муқаррароти қонун, ташвиқу тарғиби кам кардани харҷу марҷи беманфиат, сарфакорона истифода намудани маблағи тўю сур ва маросими маъракаҳо чораҷўиҳои зарурӣ андешида, корҳои зиёдро ба сомон расонидаанд.

Бо вуҷуди ин, вайрон кардани анъана ва ҷашну маросимҳо ҳанўз зиёд ба назар мерасад. Масалан, дар давраи таҳлилӣ дар натиҷаи назорати прокурорӣ 1735 адад қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мансабдорони ташкилоту муассисаҳо чораҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ гардидааст. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки шахсони мансабдор, воқеӣ ва ҳуқуқӣ асосан зимни гузаронидани тўю маъракаҳои домодию арўсӣ, хатнасур, ҷашнгирии зодрўз, домодталабон, арўсбинон, маросими дафну азодорӣ, вайрон кардани вақт ва бо теъдоди зиёди иштирокчиён баргузор намудани маросимҳо ба қонуншиканиҳо даст задаанд.

Факту рақамҳои натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар ин самт таваҷҷўҳангезанд. Дар давраи ҷамъбастӣ аз натиҷаи 382 санҷиши прокурорӣ 281 амр, 261 пешниҳод бароварда ва 337 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. ҳамзамон, нисбати 823 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба маблағи умумии беш аз 3,5 млн. сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шуд. Инчунин, аз тарафи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ба 33 санади ғайриқонунӣ эътироз оварда, баррасӣ шудаанд.

Прокуратураи вилояти Суғд ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳти назорати доимии худ қарор дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Аз ҷониби прокуратура мунтазам ба роҳ мондани назорати қатъӣ нисбат ба ҳолати иҷрои қонун кори муқаррарӣ аст. Пурра ба амал татбиқ намудани талаботҳои қонуни мазкур дар ҷомеа, фароҳам сохтани фазои муносибати оштинопазирӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун ин кори дастаҷамъона мебошад. Масъулини шўъбаи вилоятию бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва умуман, сохторҳои марбутаи кор бо аҳолиро лозим аст, ки чунин фазоро фароҳам оваранд.

Чӣ хуб мешуд, агар харҷи зиёди беманфиатро баҳри таълиму тадриси фарзандон сарф намоем. Ин имкон медиҳад, ки фарзанд солиму босавод ва дар оянда мутахассиси комил ба воя расад. Маблағи маъракаҳои дабдабанок, ба беҳтаргардонии шароити рўзгор, фароғати оилавӣ, корҳои ободонӣ масраф шавад, аз ин ба ҳар оила манфиати воқеӣ мерасад.

Гулчеҳра Ғоибназарова,
ёрдамчии калони Прокурори вилояти Суғд,
}мушовири адлияи дараҷаи II

Add comment


Security code
Refresh