Дурдонаҳои илму маърифат

Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ. Вақте вориди ин боргоҳи маърифат мегардед, беихтиёр гумон мекунед, ки дар замони зиндагии ин шоири шинохта қарор доред. Китобҳои нодир ва дастхатҳои бо хати зебою хоно нигошташудаи шоиру нависандагон ва хаттотони моҳир дарак аз он медиҳанд, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби илму маърифат будаву онро ба ояндагон мерос гузоштааст. Дар тадрисгоҳ наздик 300 адад китоби нодир ҷамъ оварда шуда, бо чаҳор навъи хат: настаълиқу насх, сулс ва хати шикаста навишта шудаанд.

Абдураҳим Ҳакимов, корманди илмии Хона-музей, устоди факултаи шарқшиносии кафедраи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров иброз медорад, ки хаттотони гузашта ҳатман ин чаҳор навъи хатро медонистанд. Зеро навиштаҳои шоирону нависандагон бо ин навъи хатҳо ҳаккокӣ мешуду аз хаттот масъулияти бештареро тақозо дошт. Хати форсӣ-тоҷикие, ки мо кунун истифода мебарем, навъи настаълиқ буда, аксари китобҳои тадрисгоҳ ва китобхонаи Камоли Хуҷандӣ бо ин навъ навишта шудаанд. Чун сухан дар мавриди аз куҷо дастрас гардидани китобҳои нодир рафт, Абдураҳим Ҳакимов гуфт, ки барои дастрасии 294 адад китоби нодир, ки дар тадрисгоҳ гузошта шудааст, аҳолии кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Бахусус, Саидҷон Амонов аз шаҳри Хуҷанд ва намояндагони шаҳри Панҷакент китобҳои гузаштагонро, ки бо хатҳои настаълиқу насх, сулсу хати шикаста навишта шудаанд, тақдими Хона-музей кардаанд.

Китобҳои Мирзо Абдулқодири Бедил, Мавлоно Алишер Навоӣ, «Ақоиди Насафӣ» (чопи сангӣ, санаи 1316-и ҳиҷрӣ), «Тўҳфаи насоеҳ»-и Абдулқаюм ибни Муллоаҳмади Қўқандӣ, «Ҳотамно- ма»-и туркӣ (1914-и мелодӣ), «Фарҳанги суроҳ»-и Ҷалоли Ҳурайшӣ иборат аз ду ҷилд, «Fиёс-ул-луғот», «Мунтахаб-ул-луғот», «Чароғи ҳидоят»-и Мавлавӣ Муҳаммад Соҳиб, «Девон»-и Махфӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Девонӣ, «Далоил-ул-Ҳайрот»-и Сайид Олиммахдум, «Девон»-и Васлӣ, «Тўтинома»-и Зиёуддини Нахшабӣ, «Куллиёт»-и Саъдӣ, «Шабистон»-и Некноти Фаттоҳӣ, «Хористон»-и Маҷди Хофӣ, девони Туғрали Аҳрорӣ, инчунин, китобҳои девони имло, дастхат, маҷмўаи ашъор, дастхати маҷмўа дар тавсифи бузургони Хуҷанд, илми мантиқ ва ғайра манзури дўстдорони илму адаб қарор дорад.

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» давоми як сол наздик чиҳил китоби бузургонро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст. Дар ин бобат омўзгорону устодони факултаи забонҳои шарқ, кафедраҳои филологияи араб, забон ва адабиёти форсӣ бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд.

- Зодагони даврони Истиқлол бояд, ки ҳар лаҳзаро ғанимат шуморида, аз паи омўхтани илму дониш бошанд. Дари тадрисгоҳи мо ҳамавақт кушода асту ташналабони илм метавонанд аз дурдонаҳои ин маскани маърифат баҳраёб гарданд, - гуфт Абдураҳим Ҳакимов.

Шоира САЛИМОВА,
Волида ҚОДИРОВА

Add comment


Security code
Refresh