Дастоварди нави Саидакмал Саидзода
- Details
- Published on Tuesday, 06 June 2017 15:54
Саидакмал Саидзода донишҷӯи факултети ба ҳисобгирӣ ва андози ДДҳБС, Чемпиони Тоҷикистон оид ба брейкданс боз як дастоварди навбатиро ноил гашт. Оғози моҳи июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Олимпиадаи 3-юми байналхалқӣ оид ба рақс баргузор гардид, ки дар он аз рӯи навъҳои гунгуни рақс намояндагони кишварҳои ҷаҳон ширкат варзиданд. Олимпиадаи мазкур бузургтарин воқеаи варзишӣ ва фарҳангӣ дар Қирғизистон ба ҳисоб меравад, ки дар он беҳтарин раққосони дунё ширкат варзиданд.
Дар бахши “Стрит” намуди “Брейкданс”, ҷавони тоҷикистонӣ Саидакмал Саидзода ғолиб омад.
Хотиррасон мекунем, ки Саидакмал Саидзода, дар оғози сол бо дастгирии Раиси вилояти Суғд дар Чемпионати ҷаҳон оид ба брейкданс дар шаҳри Прага ширкат варзида, Тоҷикистонро муаррифӣ намуда буд. ӯ қаблан дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ки дар Олмон, Полша, Белоруссия ва Қазоқистон доир шуда буд, иштирок ва ҷойҳои намоёнро касб карда буд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки бо сарпарастӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар арафаи рӯзҳои ҷавонон фестивали байналмилалӣ оид ба брейкданс дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки он такони ҷиддие дар пешрафти ин намуди варзиш дар кишвар гардид.
Ҷалолиддин ҶУМЪАЗОДА