Баҳри сарсабзию ободии диёр

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи июн дар саросари кишвар Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил мегардад.

Бо ин мақсад дар толори қасри фарҳангии шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил гардид.

Нахуст Раиси шаҳр кормандони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳрро бо фарорасии иди касбӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки бобати дар доираи эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон”, 120-Рӯзи ободонӣ ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълони озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташкили шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ, ниҳолшинонию тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист, ободониву созандагиҳо дар шаҳр фаъолияти назаррас доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон 192 нафар корманд фаъолияти худро дар самтҳои истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил, назорати сифати об,  ободонию кабудизоркунӣ, корҳои сохтмону васл ва дигар корҳои махсусгардонидашудаи таъмир ба роҳ монда истодаанд. Дар семоҳаи якуми соли равон аз ҷониби масъулини муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри ободу зебо гардонидани ҳудуди шаҳр 1900 бех дарахти ороишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор бех гули ҳамешасабзи “петуния”, “тагест” ва дигар гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки шукӯҳи шаҳрро боз ҳам зеботар мегардонад.

Дар фарҷом ба пешсафони короҳои ободонӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим гардида, дар ин рӯз ба кулли кормандони муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh