Гул рамзи зебоист!
- Details
- Published on Monday, 05 June 2017 11:45
Сол аз сол ободонии роҳҳо, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рушд ёфта истодаанд. Чунин ободонӣ дар шаҳри Исфара ва шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти он низ хуб ба роҳ монда шудааст.
- Аз аввали соли дуҳазору ҳабдаҳум дар қади кўчаҳои шаҳр ва боғоти он 40150 бех ниҳоли зардолу, дарахтони ҳамешасабзи ардач 715 дона, сафедор 12560 дона, санавбар 599 дона, арча 1916 дона ва ёси ҳиндӣ 50 бех, ҳамагӣ 55940 бех ниҳоли сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд, - қайд кард муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода.
Гул рамзи зебоист. Дар фасли баҳор исфарагиҳо бо шинонидани 49 ҳазор гулҳои ороишии рангоранг гирду атрофи шаҳрро зебу оро доданд.
Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»