Кирояи “ФАТА” беҳ ё либоси миллӣ?

Барои духтарони тоҷик пўшидани либоси арўсии сафеди дўхти аврупоидошта чун анъана мўд гаштааст. Ин намуди либосро духтарон танҳо як рўз, дар тўйи арўсиашон ба бар менамоянд, ки он дар мағозаҳои махсуси занонаи шаҳру ноҳия ва деҳаҳо ба кироя дода мешавад. Бояд гуфт, ки сафи ин гуна фурўшгоҳҳо рўз то рўз афзуда, фурўшандагон аз кирояи он маблағи зиёде ба даст меоранд. Имрўз бештари духтарон дар ҷашни арўсии худ ҳам либоси миллӣ ва ҳам либоси аврупоиро ба бар менамоянд, ки аз гуфти онҳо орзуи ҳар яки онҳост.

Мавлуда ном тоҷир, ки дар яке аз мағозаҳои бозори «Панҷшанбе» фаъолият мебарад, зикр дошт, ки бештари пироҳани арўсӣ аз Федератсияи Русия оварда шуда, сабаби арзиши гарон доштани онҳо низ бо нархи баланд дастрасшавии чунин куртаҳост. Ў мегўяд:

- Нархи куртаҳое, ки ҳоло дар мағозаи мо ба намоиш гузошта шудааст, аз 500 то 4000 сомонӣ буда, бештари арўсшавандагон то ҳудуди 1000-1500 сомонӣ қиммат доштаро кироя мегиранд. Пироҳанҳое, ки қиммати бештар доранд, яъне 2500-4000 сомонӣ ҳастанд, мўди охирин мебошанд, ки бо онҳо пойафзол ва ороишот низ дода мешаванд.

Духтараке бо номи Дилноза чунин гуфт:

- Пироҳанҳо хеле зебо ва шинам ҳастанд, вале барои пардохти маблағи кироя мушкилӣ мекашам. Зеро ба ғайр аз пироҳани аврупоӣ боз эҳтиёҷоти дигаре дорам, ки барои онҳо низ маблағи зиёд бояд сарф намуд. Куртаҳо танҳо барои як рўз дода мешаванд, ки дар ҳолати дер овардан ва ё ин, ки вайрон намудан ҷарима меситонанд. Аксари куртаҳое, ки бо пойафзол ва ороишот ҳастанд, мувофиқ ё ин, ки писанд намеояд.

Агар пойафзол ва ороишотро нагирем ҳам, нархи кирояи курта кам намешавад. Дар ин ҳолат маҷбурӣ пойафзоли сафед ва ороишот бихарӣ. Аз ин сабаб куртаеро интихоб мекунам, ки кирояаш нисбатан пасттар аст.

Сабзина ном духтари хуҷандӣ бошад, баръакси Дилноза пироҳани мўди охирине, ки қимматаш хеле гарон аст, интихоб менамуд. Аз рўи гуфташ ў имконият дорад, ки чунин куртаро бо нархи 3500 сомонӣ кироя гирад, зеро падари ў тоҷир буда, пардохти ин маблағ барояш мушкилие эҷод намекунад. Вале на ҳама духтарон чунин падари сарватманд доранд. Сабзина куртаеро интихоб намуд, ки аз ҳар ҷиҳат хуб буд. «Пироҳане, ки ман интихоб намудам, бароям хеле писанд аст, зеро дўхти зебо дошта, мўди охирин ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати дигар, касе онро напўшидааст».

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар аксари тўйҳо маблағи пироҳани арўсро бояд ҷониби домод пардохт намояд, ки ин масъала баъзан ба нофаҳмиҳо оварда мерасонад. Яъне, ҳолатҳое вомехўранд, ки домодшаванда аз пўшидани либоси мазкур изҳори нигаронӣ намуда, иҷозат намедиҳад ва ё аз пардохти маблағ саркашӣ менамояд. Бояд гуфт, ки ҳангоми рў ба рў гаштан ба чунин ҳолатҳо арўсшавандаро мебояд либоси миллиро интихоб намояд, ки шинаму зебо, нархаш нисбат ба куртаи аврупоӣ хеле арзонтар аст. Гуфтан зарур, ки либоси миллии тоҷикӣ дар ҳама маврид муносиб аст.

Онро метавон бо таъби дили худ, тарзҳои гуногуни дўхти замонавӣ, бо тарроҳони моҳир омода намуд. Ин куртаҳо зеби духтарони тоҷик буда, дар дастрас намудани он мушкилӣ низ ҷой нахоҳад дошт. Ҳам мувофиқи табъи арўсшаванда дўхта мешавад ва ҳам ҳоҷат ба маблағи зиёд сарф намудан намемонад.

 Дилдора ХАЙРУЛЛОЕВА,
донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh