Чеҳраҳои нави хунарманд

Бахшида ба соли 2017- Соли ҷавонон  бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ», рӯйи кор омадаву ҳадафаш дарёфти чеҳраҳои нав, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа буда, он аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.  

Чорабиниро директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро барои рушд ва такомули зеҳнӣ ва ҳунарии  ҷавонон амри зарурӣ шуморид.

Сипас, донишҷӯёни донишкада аз рӯи шартҳои «бадеҳасароӣ», «рақс», «намоиши либосҳои муосир ва миллӣ», «сюитаи овозию рақсӣ» баромад намуда, ҳунари баланд нишон доданд.
Ба ҳакамон бадеҳсароии донишҷӯи курси 3 Фараҳманд Каримов ҳамроҳи Гуласал Пӯлодова, сарояндаи ансамбли эстрадии «Садои Суғд»-и назди Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакӣ, рақс бо номи «Атлас» дар иҷрои гулдухтарони донишкада ва Нодира Ёқубова корманди Кохи Рӯдакӣ, инчунин сюитаи овозию рақси таҳти унвони «Ваҳдатсарои Ватан» хеле писанд афтод.

Дар фарҷом ҳайати ҳакамон барои ташкилкунандагони чунин маҳфили зебо ба раёсати донишкада изҳори сипос намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh