Намоиши «Қиссаи ғамгину рангин»

Дар толори театри мазҳака ва драммаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа мазҳакаи иҷтимоии «Қиссаи ғамгину рангин»-и ҳунармандони варзидаи кишвар, кормандони муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи намоиши мазҳака муовини Раиси шаҳри Бӯстон Ғафурҷон Зоирӣ суханронӣ намуда, ҳунармандонро ба шаҳри Бӯстон хайрамақдам гуфт. Зикр гардид, ки мазҳакаи мазкур бозгӯи ҳаёти имрӯзаи ҷомеа буда, бо мақсади дар рӯҳияи эстетикӣ, масъулиятшиносӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мусоидати бештар хоҳад намуд.

Тибқи иттилои ҳунарпешаи муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” Султонмурод Бобомуродов мазҳакаи иҷтимоии «Қиссаи ғамгину рангин» ба қалами Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон тааллуқ дошта, аз ҷониби ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев ба саҳна гузошта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки намоиши мазҳакаи мазкур дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Спитамени вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда истодааст.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh