Рушди ҳунармандӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Ба иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Саидпоччо Ҳофизова 6 нафар сокинони ноҳия дар маркази таълимӣ - истеҳсолии «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд касби қолинбофӣ, 7 нафар дар маркази таълимӣ - истеҳсолии «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 80 нафар дар 5 маркази таълимӣ - истеҳсолии дар ноҳия воқеъбуда касби адрасбофиро омўхта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

-Ҳамзамон, дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳия панҷ дастгоҳи атласу адрасбофӣ мавҷуд буда, дар он 6 нафар занон фаъолият доранд. Ба ин нафарон зани ҳунарманд Салтанат Азизова нозукиҳои касби атласу адрасбофиро меомўзонад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh