Маҳорати гулдухтарони суғдӣ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» ва 20 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивал – озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» доир гардид.

 Мақсади баргузории Фестивал – озмуни мазкур баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, бунёди оилаи солим, одоби рўзгордорӣ ва фарҳанги либоспўшиву маҳорати кадбонугӣ буд. Дар чорабинии кунунӣ, гулдухтароне, ки қаблан дар шаҳру навоҳии вилоят аз муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои олӣ ғолибият ба даст оварда буданд, дар даври ниҳоии Фестивал - озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни Фестивал - озмуни вилоятӣ - гулдухтарони зебову донишманд, бомаҳорату болаёқат, зебоофару рангинхаёл Мадина Ҳайитбобоева аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Зебо Файзуллоева аз Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд, Фарзона Раҳимова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Барчиной Вайдуллоева аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Таҳмина Абдувалиева аз шаҳри Хуҷанд, Дилафрўз Носирова аз Донишгоҳи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон, Фарангис Абдуллоева аз ноҳияи Зафаробод, Шабнам Юсуфова аз Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара ва Сарвинози Аминзода аз шаҳри Истаравшан аз рўи панҷ шарти озмун, яъне муаррифӣ бо воситаи намоиш додани саҳнача ё ҳунар, тариқи саволу ҷавоб баромадан аз ҳолати ногувор, омода намудани ягон навъи хўроки миллӣ, маҳорати сурудхонӣ, рақсидан ё навохтани асбоби мусиқӣ, намоиши либоси расмӣ ва идона, ки дар даври нимниҳоӣ ширкат варзида, ғолибиятро ба даст овардаанд, маҳорати касбии хешро нишон доданд.

Ҳар як шарти Фестивал – озмуни вилоятӣ ба мавзўи оила ва оиладорӣ бахшида шуда буд.

Гулдухтарони суғдӣ аз шаҳру навоҳии вилоят шартҳои озмунро бо як маҳорати хосса иҷро карда, дар рафти саволу ҷавоб оид ба баргузории озмунҳо дар вилоят ва ширкати ҷавондухтарон дар фестивалу дигар чорабиниҳо, дар бораи Ваҳдати миллӣ, пояндагии давлати Тоҷикистон, гул-гулшукуфоии диёри зебоманзар, дастгирии ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Пешвои миллат, Президенти мамлакат ва аз муҷдаҳои даврони истиқлол ёдовар шуданд.

Дар поёни чорабинӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар бораи эълон гардидани «Соли 2017 – Соли ҷавонон», гул-гулшукуфоии диёр, соҳибистиқлолии кишвар ва ширкати ҷавонон дар чорабиниҳо ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт:

- Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки бо иқдоми ояндасоз ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2017 – Соли ҷавонон» эълон шудааст. Боиси шарафмандӣ ва хушнудист, ки маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва иқдомҳои пайвастаи Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ чунин толорҳои бошукўҳу зебо, қасрҳои фарҳанг барои шумо, ҷавонони азиз бунёд шудаанд ва чунин чорабинии бошукўҳро мо дар ин фазои пур аз шодиву сурур гузаронида истодаем. Тавре ҳамагон воқиф ҳастанд, вобаста ба эълон гардидани «Соли ҷавонон» бо ташаббуси Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳру навоҳии вилоят як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баргузор шуда истодааст ва Фестивал – озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» аз ҷумлаи онҳост. Имрўз мо ҳама бори дигар шоҳиди он гаштем, ки то чӣ андоза духтарони мо зебо, доно, ҳамадон ва соҳибҳунар ҳастанд.

Дар анҷоми суханаш Назира Ғаффорӣ кулли ҷавонони вилоятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо фарорасии Рўзи ҷавонон муборакбод намуд.

Фестивал – озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ»-ро суруду таронаҳо дар иҷрои сарояндагон Аъзам Болтубоев, Умарҷон Қобилов, Гуласал Пўлодова, Олим Маҳмудов ва ансамбли рақсии «Зебо» шукўҳу шаҳомати хоса бахшид.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh