Бонувони қирғиз ҳунарҳои миллии тоҷиконро меомўзанд

Дар шаҳри Исфара 20 нафар ҷавонзанони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон – Лаккон ва Чонтала дарси зардӯзӣ ва мӯҳрабофӣ гузаронида шуд. Омӯзиши мазкур, бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Лаккони Исфара дар доираи қисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби  Ассотсиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Мавҷуда Саидалиева, сокини шаҳри Исфара, ки собиқаи зиёда аз понздаҳсолаи зардӯзӣ дорад, мегӯяд:

-Дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги тоҷикон ба кишварҳои ҳамсоя ва тақвияти дӯстӣ тасмим гирифтем, ки барои бонувони ҳарду кишвар дарси омӯзишии зардӯзиро ба роҳ монем. Бовар дорам, бо ҳамин восита занон натанҳо ҳунари аҷдодиамонро идома медиҳанд, балки барои пешбурди вазъи иқтисодии хонаводаашон низ мусоидат хоҳанд кард.   

Динара Деванаева аз деҳаи Чонталаи Қирғизистон пешниҳод намуд, ки бигзор дар деҳаи Лаккони Исфара оид ба дигар намуди ҳунарҳои миллии тоҷикон низ чунин дарсҳо бо супоридани шаҳодатномаҳо доир гардид. То онҳо дар ин асос малака ва маҳорати андӯхтаи хешро ба ҳамдеҳагони худ омӯзонанд.

Зебо СОБИРЗОДА,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh