Фестивал-озмуни гулдухтарон

Дар толори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бахшида ба «Соли ҷавонон» ва «20-солагии Ваҳдати миллӣ» дар байни донишҷӯёни ихтисосҳои таълимӣ озмун таҳти «Фестивал озмуни гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид.

Маҳфилро сармуаллими коллеҷ Толибҷон Валиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо аъзоёни ҳакамон ошно кард. Озмун аз рӯи панҷ шарт сурат гирифта, донишҷӯён малакаю маҳорати хешро оид ба оиладорӣ, хештаншиносии миллӣ ва маданияту санъати ниёгон ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар интиҳо раиси аъзои ҳакамон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Р.Муталлибов озмунро ҷамъбаст намуда, Шоҳҷоизаро насиби донишҷӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Зебунисо Файзуллоева эълон намуд. Ҷойҳои якум ва дуюму сеюм насиби донишҷӯён Фарзона Ҷумъаева, Нодирахон Азимова, Дилангез Қирғизбекова гардид.

Маҳфилро суруду мусиқӣ ва рақсҳои ҷаззоби донишҷӯён таровати идона бахшид.

Хуршеда Наҷмиддинова

Add comment


Security code
Refresh