Мақсад - манфиати рўзгори мардум
- Details
- Published on Thursday, 18 May 2017 14:06
Халқи тоҷик дар тўли ҳазорсолаҳо анъана ва ҷашну маросимҳои соф миллӣ дошт ва онҳо аз ҷумлаи рўзгордории аҳди қадим ва қонуну давлатдорӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Даҳ сол муқаддам бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рўзгори мардум ва анъанаву маросимҳо омўхта шуд ва бо мақсади ба танзим даровардани тўю маърака ва маросимҳои сокинони кишвар санади сирф миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонуни номбурда ягона қонуне дар ҷаҳон мебошад, ки барои бунёди ҷомеаи солим ва танзими ҷашну маросимҳо равона карда шудааст.
Қонуни мазкур метавонад, дар бунёд ва рушди ҷомеаи солими аз лиҳози иҷтимоӣ пешрафта замина гузорад, зеро бунёди ҷомеа аз оила сарчашма мегирад. Қонун барои мустаҳкамшавии оила ва пойдории он асос мегузорад. Мақсаду мароми асосии қонун танзими тўю маъракаву маросимҳо буда, онҳо бояд камхарҷу замонавӣ гузаранд. Халқи тоҷик маъракаву маросимҳои худро аз рўи анъаноти расму оинҳои ниёгон, ки орӣ аз хурофоту исрофкорӣ буд, ба роҳ монад.
Дар қонун ҳатто ақаллияти миллӣ ба инобат гирифта шудааст, ки онҳо метавонанд дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озодона амал намоянд. Аз ин рў, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мардуми бофарҳанги тоҷик хуб пазируфт. Дар як марҳилаи кўтоҳ мо аллакай дида тавонистем, ки Қонуни мазкур барои пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии бошандагон ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии онҳо равона гардидааст.
Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни мазкур дар вилояти Суғд як шўъба, 18 бахши шаҳриву ноҳиявӣ, 134 комиссияи доимӣ ва чандин комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият мебаранд.
Қонун санади меъёрию ҳуқуқӣ буда, эътироф ва муқаррароти он барои ҳар шаҳрванд ҳатмист. Мардуми тоҷик ҳарчанд дар иҷрои Қонуни мазкур фаъолона саҳм мегузоранд ва дар ин ҷода корҳои назаррас ба анҷом расонидаанд, чанд қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки боиси нигаронист. Одамони худхоҳу шўҳратпараст тўю маърака ва маросимҳои дафну мотамдориро воситаи худнамоӣ пиндошта, бо ин роҳ мехоҳанд, обрўву эътибор бигиранд. Чунин изофаравӣ ва хароҷоти зиёд боис гардид, ки ҳанўз баъзеҳо дидаву дониста ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Агар соли 2015-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 177 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2016-ум ба 209 адад расид. Дар се моҳи соли ҷорӣ 57 адад чунин ҳолат рух дод. Ин танҳо рақамҳоеанд, ки дар давоми ду солу се моҳ бо ҳалномаҳои судӣ ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар тўли 10 соли амали қонуни танзим аз ҷониби аъзои комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 950 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва вайронкунандагони қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Боиси нигаронист, ки мардум ё моҳияти қонунро дарк накардаанд ва ё аз рўи худнамоишдиҳӣ рафтор мекунанд.
Баробари ин садҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки масъулин барои шаҳрвандон моҳияти қонунро фаҳмонида, ҳолатҳои вайронкуниро пешгирӣ кардаанд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дарк намоянд, ки мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани дараҷаи иҷтимоиву иқтисодии мардум, мусоидат ҷиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Ҳамон тавре ки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Риояи ҳатмӣ ва қатъии Қонун дар амал татбиқ кардани тамоми муқаррароти он вазифаи шаҳрвандии ҳар фардест, ки миллат, давлат ва Ватани худро дўст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи мардуми он мебошад».
Ҳарчанд Қонуни мазкур ба тақозои рушди ҷомеа ва раванди анъана ва ҷашну маросимороии мардум равона гардида, тамоми анъана, маросим ва ҷашнҳои миллии моро бо назардошти арзишҳои миллӣ фаро гирифтааст, дар ҷомеа шахсоне ёфт мешаванд, ки ин арзишҳоро нодида мегиранд. Масалан, санаи 4-уми феврали соли 2017 шаҳрванд Набиҷон Исломов, сокини ноҳияи Зафаробод, Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ.Алиев, кўчаи Кемқул, хонаи 5, талаботи банди 1-уми моддаи 8 Қонуни номбурдаро вайрон карда, қонуншиканӣ аз тарафи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва прокуратураи ноҳия ошкор гардида, маводҳо ба суд ирсол шудаанд. Шаҳрванд Набиҷон Исломов тибқи талаботи моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ў ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5000 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин гардид. 19-уми январи соли 2017 бошад, шаҳрванд Сайёра Сафарова, бошандаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Ворух, кўчаи Қ.Каримов, хонаи берақам талаботи моддаҳои 9 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуда, бо пешниҳоди комиссияи доимӣ мавод оиди қонуншиканӣ ба суд ирсол карда шуданд. Мавсуф бо қарори суди шаҳри Исфара, бо моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба вай низ чунин ҷазоро муқаррар карданд.
Ҳамзамон, дар бобати ошкор намудани чунин қонушиканиҳо саҳми комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кормандони прокуратураи вилоят, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ назаррас мебошад.
Дар баробари баъзе камбудиҳо масъулони соҳа, аъзои комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони танзим, комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сархатибон, имомхатибон ва дигар фаъолон дастёб гардиданд, ки дар давоми наздик 10 соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳо ноил шуданд. Агар то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳо 70 номгўи ҷашну маросимҳо бошад, алҳол 15 номгўй боқӣ мондааст, ки ин қадаме барои ҷомеаи аз лиҳози иҷтимоӣ пешрафта ва ноил гардидан ба зиндагии осоиштаи берун аз таассубу хурофот мебошад.
Ин қонун боис гардид, ки халқи тоҷик ба эътимоду фарҳанги гузаштаи худ такя намуда, маъракаҳояшро бо фарҳанги сарфакорӣ, ақлу хиради маъракаороӣ, инсофу фурўтанӣ ва ба ислоҳи зеҳнӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар оғоз бахшад. Иҷрои Қонуни мазкур ба беҳдошти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, такмили муносибатҳои ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагонии мардум мусоидат кард.
Мехоҳам навиштаамро бо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни хотима бахшам: «… Ба халқи шарифи худ, хусусан ба падару модарон муроҷиат менамоям, ки маблағи ёфтаи худро ба ҷои ба маросимҳои беҳудаву нодаркор ва серхароҷот барбод додан, ба ғизои дурусти оилаи худ, беҳбуди шароити зист ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ сарф намоянд».
Мирзоҳофизиён
Меҳрафкан Мирзоҳофиз,
мутахассиси шўъба оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд