Ало, шеъри аҷам…

Маҳфили навбатии илмиву адабии «Ганҷи сухан» бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Директори донишкада  Олимӣ Рауф Латифзода дар бораи рушди илми имрӯза, тарбияи қаламкашони ҷавон сухан карда, саҳми ҷавононро дар инкишофи илми муосири тоҷик нек арзёбӣ кард.

Номзади илмҳои филология, дотсенти ДИСДДТТ Гулчеҳра Аҳророва, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шамсиддин Солеҳов дар мавриди навгониҳои илмиву адабӣ, «Бобоҷон Fафуров ва адибон» маърӯза карда, ҳарфҳои меҳромези худро дар бораи алломаи машриқзамин академик Бобоҷон Fафуров, ҳамчунин дар мавриди мавзӯъҳои Ваҳдат ва Истиқлол дар осори Лоиқ Шералӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ устодону муҳассилини донишкада аз рӯзгори шоир сухан карданду шеър қироат намуданд.  

Суруду оҳангҳои дилангези ҳаваскорони санъати ДИСДДТТ табъи иштирокдоронро шод гардониданд.

Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh