Фестивали байналмилалӣ оид ба брекданс
- Details
- Published on Monday, 15 May 2017 16:25
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 13 майи соли равон дар Кохи фарҳангии “Суғдиён” фестивал-озмуни байналмилалӣ оид ба брейкданс бахшида ба Соли 2017- Соли ҷавонон таҳти унвони “Батл Суғд интернешенл”(International Battle Sogd) баргузор гардид.
Дар фестивал-озмун 8 даста ширкат варзида, барои гирифтани ҷоми он мубориза бурданд. Аз ҷумла, дастаи брекдансчиёни давлати Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, дастаҳои Ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои Қeрғонтеппа, Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.
Дар вилояти Суғд бештар аз 100 нафар ҷавонон бо ин навъи варзиш машғул ҳастанд,ки барои онҳо тамоми шароитҳо муҳайёст.
Мусобиқа таҳти доварии чемпиони секаратаи ҷаҳон, довари дараҷаи байналмилалӣ Ҷамол Асадуллоев оғоз гардид. Дар натиҷа дастаи Қазоқистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои дувум ва Душанбе ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Дар вазъи тантанавӣ барои ҳамаи иштирокчиён сипосномаву ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мукофотпулӣ тақдим гардид.
Фестивал бо бозбинии меҳмонон аз ҷойҳои таърихии вилоят чун “Қасри фарҳангии Арбоб”, Маҷмааи фарҳангии “Истиқлол”, Музеи кишвар шиносӣ, Боғи Камоли Хуҷандӣ, шаҳри Гулистон анҷом пазируфт.
Ҷалолиддин АЛИЗОДА