Шаҳри зебо ва гулҳо

Роҳҳои асосӣ, кўчаву хиёбонҳо, назди биноҳои баландошёна ва дигар минтақаҳои шаҳр хеле зебову гулзор шудаанд, ки ин амали шоиста бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” рўи кор меояд. Ин корхонаи шаҳри Гулистон солҳо дар хизмати халқ буда, бо директори он Шарифӣ Фирўз Шарифзода сўҳбате доир намудем.

- Чӣ хеле, ки огоҳ ҳастем, як самти фаъолияти коргоҳи Шумо ба раванди кабудизоркуниву гулзоркунӣ нигаронида шудааст. Ҳоло вазъ дар ин самт чӣ гуна мебошад?

- Аз ҷониби корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ нақшаи чорабиниҳо омода гардида, як қатор корҳо ба сомон расидаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Чуноне ки мегўянд, боғ ва хонае, ки бегул аст, ҳусни назаррабое надорад, шаҳре, ки бебоғу гулшан бошад, шаҳр нест. Гулкорӣ ва гулпарварӣ, сабзкорӣ ва сабзнигаҳдории шаҳру деҳ санъати ҳар халқ аст. Агар шаҳру деҳи сафаркардаатон чорбоғ, бўстон ё гулшане дошта бошад, аввал ба он ҷо меравед. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ, эҳёи анъанаҳои неки бунёдкории аҷдодон, инкишофи ташаббускорӣ аз тарафи корхонаи мо тамоми гўшаву канори шаҳри Гулистон гулпўш шудаанд. Аз даромади шаҳр то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хиёбону гулгашт, назди муассисаҳо, ҳамчунин, ду тарафи роҳи мошингард ва пиёдагард сабзпўш аст. Аз гулгаштҳои кўчаву хиёбонҳо кас бо димоғи хуш ва рўҳи болида мегузарад ва ба дастоне, ки он гулҳоро шинонида, парвариш кардааст, аҳсант мегўяд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳр аз тарафи корхонаи мо ба миқдори 1490 бех дарахти сосна, 515 адад моҷевелник, 8850 адад гули садбарги маҳаллӣ, 32 адад сирен аз давлати Русия, 57 адад сирен аз Ҳиндустон, 100 адад дарахти ҳамешасабз (зеленая изгород), наздик 32 ҳазор адад гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида, кўчаҳои марказӣ ва роҳҳои протоколӣ ободу зебо гардиданд. Ҳамчунин, масоҳати зиёда аз 1000 метри мураббаъ сабзпўш карда шудаанд.

- Ҳолати воситаҳои техникӣ ва хизматрасонӣ дар ин самт чӣ гуна аст?

- Дар шўъбаи нигоҳдорӣ ва хизматрасонии фонди манзил дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи истиқоматкунандагони шаҳр 637 муроҷиати шаҳрвандон оид ба хизматрасонӣ, таъмир ва бартараф намудани садамаҳои хатти лўлаҳои обу ташноб, хатти барқи дохили биноҳои бисёрошёна ва кашидани оби таҳхонаҳо ворид гардидаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 81 адад оид ба хизматрасонии челонгарӣ, 46 адад таъмири қубурҳои обу ташноб, 30 адад кашидани оби таҳхонаҳо ва 480 адад садамаи хатти таъмини барқи хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаро ташкил медиҳанд, ки ба пуррагӣ дархости шаҳрвандон ба иҷро расонида шудааст. Дар ин давра 48 бинои истиқоматӣ ба хатти нави оби нўшокӣ пайваст шуда, таъмири бом дар масоҳати 120 м2 ба иҷро расидааст. Ду майдончаи нави варзишии бачагонаи замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Майдончаҳои варзишии дохили шаҳр бошанд, рангубор ва таъмир гардиданд.

- Ҷараёни кор дар самти партову партовкашонӣ чӣ гуна сурат мегирад?

- Шумораи нақлиёти хизматрасонии шўъба 8 адад буда, аз он 4 адад техника аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Бале, дар ҳақиқат, миқдори партовҳои мухталиф солҳои охир зиёд шудааст, ки инро аксар аз беҳтар гардидани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ медонанд. Оид ба саривақт баровардан ва безарар гардонидани партовҳои маишӣ ва ташкилоту муассисаҳо метавон гуфт, дар ин давра кормандони шўъба аз ҳудуди шаҳр ба миқдори 2900 метри мукааб партовҳои сахти маишӣ баровардаанд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии корхона ба истиқболи 20 – солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ омодагии ҷиддӣ дида, барои сарбаландона пешвоз гирифтани ин санаи фархунда пайваста тадбирҳо меандешанд.

-Барои сўҳбати самимӣ ташаккур.

 -Саломат бошед.

Сўҳбаторо,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh