Ёди он рӯзҳо

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба 72-юмин солгарди Иди Ғалаба таҳти унвони «Қаҳрамонон абадзиндаанд» бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони байналмилалии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Шӯрои ҷанговарони байналмилалии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагони муассисаҳои фарҳангии вилоят, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва хонандагони литсейи №1-и ба номи М.Осимӣ, кормандони Муассисаи давлатии маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд иштирок намуданд.

Вохӯриро омири кулли Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд И.Иброҳимов оғоз намуда, аз ҷасорату мардонагии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хизмати фидокоронаи онҳо, ки ҷасурона бо душманон ҷангидаанд, сухан кард.

Собиқадори ҷангу меҳнат ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қориҷон Аҳмадов ва Валеева Надеҷда Ивановна аз рӯзҳои муҳорибаҳои шадиди ҷанг ёдовар гардида, зикр намуданд, ки он рӯзҳо бо ҳодисаҳои мудҳиш, шикасти лашкарони фашистӣ, қаҳрамонӣ ва матонати беназири муҳофизони Ватан, заҳмату азобҳои ҷонфидоёнаи мардуми ақибгоҳ дар хотиру ёдҳо боқист.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 50 ҳазор ҷанговари Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, 57 нафари онҳо ба унвони баланд-Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гашта, 19 нафар ба се дараҷаи ордени “Шараф” сазовор гаштаанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh