Гиромидошти аҷдодон

Бахшида ба 72-умин солгарди Иди Fалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз болои Германияи фашистӣ аз санаи 2 то 8 майи соли равон дар Гимназияи «Кавсар» ҳафтаи поси хотир баргузор гардид.

Дар рӯзи аввал муовини сарвар оид ба тарбия Наргис Мирмуллоева чорабиниро ифтитоҳ намуда, бобати шуҷоатмандиву мардонагии иштирокчиёни даврони ҷанг, расидан ба қадри сулҳ маълумот дод.

Сипас, хонандагони гимназия шеърҳо дар мавзӯи Ватан-модар, сулҳ, қаҳрамониву хештаншиносӣ қироат намуданд.

Сарвари муассисаи таълимии мазкур Абдурашид Бақоев изҳор дошт, ки мақсад аз гузаронидани Ҳафтаи поси хотир дар ниҳоди хонандагон тарбия намудани ҳисси ватандӯстиву арҷгузорӣ ба корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони худ, пос доштани хотираи неки шаҳидони ҷанг мебошад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки таҳти роҳбарии Наргис Мирмуллоева аз ҳисоби хонандагон гурӯҳи «Футувват» ташкил карда шуда, аъзоёни он ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ рафтанд.

Ҳафтаи поси хотир зери шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд» дар арафаи Иди Fалаба ҷамъбаст гардида, дар давоми ин ҳафта дарсҳои намунавию тарбиявӣ ва озмунҳои гуногун доир гардид.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд” 

Add comment


Security code
Refresh