Мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент ва иштирок дар ҷаласаи фаъолон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар толори хурди Қасри фарҳанг мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳр баргузор гашт. Рушди соҳаи мазкур, эҳёи расму оин ва анъанаҳои неки гузаштагон таҳти сиёсати меҳварии ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин аст, ки дар аксар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қасрҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, ҳунарҳои халқӣ дубора эҳё карда мешаванд.

Дар мулоқот Раиси вилоят таъкид дошт, ки Панҷакент дорои фарҳанги бой буда, имрўзҳо пос доштани анъанаву суннатҳои неки гузаштагон ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Рушди ҳунарҳои халқии навозандагиву сарояндагӣ, фолклорӣ, бадеҳахонӣ ва ғайра, ки ба мардуми водии Зарафшон хос мебошад, муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки аҳли санъати шаҳри бостонии Панҷакент бояд фаъолнокӣ нишон дода, дар чорабиниҳои бонуфузи вилоятиву ҷумҳуриявӣ фарҳанги қадимаи мардуми Зарафшонро муаррифӣ намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот чанде аз аҳли фарҳанг ба Раиси вилоят барои чунин таваҷҷўҳ арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд баҳри рушди соҳа дар минтақа ҷаҳду талош меварзанд.

 * * *

Пас аз нисфирўзӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гашт.

Дар ҷаласа нахуст раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ давоми чор моҳи аввали соли равон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҳудуди шаҳр 117 дарсад таъмин гардидааст. Кишоварзони шаҳри Панҷакент мувофиқи нақша бояд соли равон дар масоҳати умумии 12 ҳазору 577 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд, то имрўз 8 ҳазору 731 гектар кишт шудааст. Ҳамчунин, 30 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 11 гармхонаи дигар ба фаъолият оғоз намуд ва бо ҳамин шумораи умумии гармхонаҳои ҳудуди шаҳри Панҷакент ба 26 адад расонида шуд. Ҳамаи пойгоҳҳои обкашии шаҳр саривақт ба мавсими имсолаи обёрӣ омода гардида, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо 21 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шартномаи тарафайнро ба имзо расонидааст. Корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳр бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи умумии 456 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди шаҳр сохтмони 23 иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Дар идомаи ҷаласа Раиси вилоят вазъи соҳаҳои гуногун дар шаҳри Панҷакентро давоми чормоҳаи аввали соли равон таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулини дахлдорро вазифадор намуд. Аз ҷумла, аз зиёд шудани майдони кишти ғалладонагиҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки имрўзҳо деҳқонон бояд маҳсулоти талаботи бозорро кишт ва парвариш намоянд. Барои ин мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд ҳидоятгари марди деҳқон бошанд. Аз раисони ҷамоатҳое, ки дар рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла, картошка ба ақибмонӣ роҳ додаанд, пурсиш ба амал оварда шуда, таъкид гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ бояд дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин кишти картошка ба сомон расонида шавад. Тавре қайд гардид, соли ҷорӣ кишоварзон нақша доранд дар масоҳати умумии 2100 гектар кишти картошка гузаронанд, то имрўз майдони он 901 гектарро ташкил медиҳад. Раиси вилоят роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини рушди картошкапарварӣ замини кишти онро сол ба сол зиёд намуда, майдони онро то ба 3040 гектар расонанд.

Ҳамчунин, Раиси вилоят ҷиҳати анҷоми саривақтии кишти баҳорӣ, шолӣ, истифодаи самараноки тухмиҳо ва заминҳои корам, бунёди боғҳои интенсивии дарахтони сиёҳолу, парвариш ва нигоҳубини кирмак, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, таъмини саривақтии нақшаи даъвати баҳорӣ, ташкили минтақаи саноатии шаҳр ва омодагӣ ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 ҳамаи масъулини соҳаҳоро муваззаф намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh