Шукўҳу зиннати боғ

Маҷмааи таърихии Боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ҳамарўза садҳо нафар ихлосмандро ба ҳузур пазируфта, эҳсоси ватандўстию хештаншиносиро дар худ ташаккул медиҳад. Зиёда аз ин, дидани манзараҳои чашмрабо, боғҳои дилкушо ва табиати нотакрору майдони гулу гулпўш ба кас ҳаловат мебахшанду тамошои хонаи Камоли Хуҷандӣ беихтиёр касро ба замони зиндагии шоир мебарад. Азнавсозии Боғи Камоли Хуҷандӣ ҳанўз соли 2014 бо супориши Сарвари давлат оғоз ёфта, дар муддати кўтоҳ ба як мавзеи зебою рўҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рўзгору сарнавишти саршор аз сахтиҳои ғарибии ин устоди шеъри тоҷикӣ ва ҳамчунин ба мавзеи истироҳату фароғат бадал гашт.

Хонаи рамзии Камоли Хуҷандӣ имрўзҳо тамошогаҳи хурду калон гашта, бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ дар масоҳати садяк замини боғ бунёд гардидааст. Агар гузоратон ба хонаи Хоҷа Камол афтода бошад, дар ин мавзеъ дар ҳуҷраҳои ҷудогона чор хуми калонро мебинед, ки баёнгари мероси кўҳантаърих ва қадима будани халқи шарафманди тоҷик аст. Дар хумҳо гандум, шолӣ, равған ва об гузошта шудаанд, ки зарурати захира кардани озуқавориро, ки анъанаи рўзгори бостон аст, ба ҳамагон мефаҳмонад.

Имрўзҳо чорбоғи Камоли Хуҷандиро гулпўшу гулбасар ва сердолу дарахт мебинем. Дар боғ дарахтони мевадиҳандаи зардолуву бодом ва ангуру анор шинонида шудааст. Атрофи ҳавлӣ ва намуди берунии боғро ҳавзи пуроб ва дарахтони сиёҳбед, ки метавон дар курсиҳои зери он нишаста, истироҳат намуд, дидан мумкин аст. Бояд қайд кард, ки дарахти сиёҳбедро тоҷикони аҳди бостон барои аз намӣ ва шўрӣ нигоҳ доштани хонаю биноҳои атрофи ҳавз мешинониданд. Тавассути ҷўи пуроб, ки аз сангҳои дарёи Вахш овардашуда бозгўи Ваҳдати миллӣ ва дўстию ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон аст, заминҳои ҳудуди боғ шодоб гашта, гулу майсаҳои навдамида ба машом бўи муаттари гулу райҳонро меоваранд.

Манзараи боғро ҳамчунин, обшорон, ки бо сангҳои гуногунтоби сиёҳ, сурх ва сафед оро дода шудааст, рангинтар месозад. Меҳмонону сокинони вилоят ба ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвони кандакориву нақшу нигордодашуда нигариста, ба ҳунари сеҳрофари устоҳои чирадаст аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара аҳсант мехонанд. Дар ҳуҷраҳои баъдина маҳсули дастон ва осори баргузидаи шоир аз тамоми минтақаҳои кишвар ва берун аз он ҷамъоварӣ шуда, дўстдорони каломи бадеъ метавонанд, аз сеҳри сухану қаламфарсоии ин Алломаи Машриқзамин бархурдор бошанд.

Роҳбарияти Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, осорхонаи кишваршиносӣ, қалъаи таърихӣ, хонаю боғи Камоли Хуҷандӣ дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таҳти васоёи созмони ЮНЕСКО дар соли 2020 ҷашн гирифтани 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ нек арзёбӣ намуда, барои муваффақона пешвоз гирифта ин санаи таърихӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Барои ин, пеш аз ҳама, ниҳолҳои мевадиҳандаи ҳудуди боғро ба тартиб дароварда, сақфи мақбараи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар тадрисгоҳ дастхатҳои нодири Камоли Хуҷандӣ гирд оварда шудаанд, ки шумораашон алҳол ба 400 адад мерасад. Он барои истифодаи ҳамарўзаи мухлисону дўстдорони шоири зиндаёд ҷамъоварӣ шуда, китобҳои нодир ба шумор мераванд.

Омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов арз медорад, ки кўҳандизи қаблӣ, ки дар он қисми ҳарбӣ ҷойгир буд, ба тавозуни Маҷмаа гузаронида шуда, алҳол ин мавзеъ азнавсозӣ мешавад. Воқеаи хурсандибахши дигар ин қомат афрохтани муҷассамаи қаҳрамонони филми “Ман бо духтаре вохўрдам” дар ҳудуди боғ ба шумор меравад. Имрўзҳо он ҷои дўстдоштатарини наварўсону навхонадорон маҳсуб ёфта, ифодагари самимияту меҳрубонӣ, ишқу муҳаббати пок арзёбӣ мегардад.

Ҳамарўза барои истироҳату фароғат зиёда аз ҳазор нафар вориди Маҷмаа мешаванду аз зебогиҳои атрофи он бархурдор. Тавассути радиои маҳаллӣ бошад, ҳамагон аз осори Камоли Хуҷандии оташинсухан шеъру ғазал мешунаванду зери оҳанги мусиқии форам истироҳати худро бофароғат месозанд. Бояд зикр дошт, ки ҳар шоми шанбе бахшида ба Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои таърихӣ бо дастгирии донишҷўёну муҳассилини мактабҳои олӣ, омўзишгоҳу мактабҳои санъати шаҳру навоҳӣ чорабинии фарҳангию фароғатии “Шоми ҷавонӣ” баргузор мегардад. Барои боз ҳам зебову дилрабо гардидани атрофи боғ ва болидахотирии тамошобинон масъулин зиёда аз 1000 бех гулҳои ороишии рангоранг ва дарахтони нодири каталпа, моҷевелник, ел ва ғайраҳоро шинонида, гулдонҳои ороишӣ ва товусшаклро омода намудаанд. Ҳамчунин, нуқтаҳои савдо дар ин мавзеъ ҷобаҷогузорӣ гардида, барои исроҳаткунандагон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Имрўз Маҷмааи таърихию фарҳангии “қалъаи Хуҷанд” ва Боғи Камоли Хуҷандӣ дар баробари мавзеи таърихӣ будан, макони дўстдоштаи ҳар сокини мамлакат ва меҳмонон гардидааст.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh