Бўстон кай шаҳри гул мешавад?

Чунон ки маълум аст, аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бобати оро додани назди биноҳо ва корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо гулу гулдонҳои иловагӣ масъулин вазифадор гардидаанд.

Аммо интизордориҳои мо ҳини боздид аз баъзе минтақаҳои шаҳри Бўстон манзараи дигареро пешорў овард.

Ҳангоми гузар намудан аз назди баъзе корхонаҳо маълум шуд, ки ба ин масъала беэътиборӣ зоҳир гардидааст.

Солҳои қабл Бўстонро шаҳри сабз мегуфтанд, зеро бо гулу буттаҳои ороишӣ ҳусни дигар дошта, яке аз зеботарин шаҳрҳои кишвар маҳсуб мешуд. Имрўзҳо танҳо дар кўчаҳои марказӣ ва назди биноҳои асосии шаҳр гулу буттаҳо шинонида шудаанду халос.

Назди идораи давлатии «Муассисаи давлатии Кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ», «Маркази алоқаи почта», «Шўъбаи маорифи шаҳр» ва «Маркази таълимӣ – истеҳсолии атласу адрасбофӣ, сўзанидўзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ ва сехи дўзандагӣ КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки сокинон ва меҳмонони зиёд корафтода мешаванд, аз гулу гулдонҳои ороишӣ асаре нест. Маълум гардид, ки ҳатто дар саҳни ҳавлии ин муассисаҳо низ гулҳои ороишӣ ба чашм намерасанд.

Шояд масъулини идораи ободонии шаҳр аз чунин ҳолат хабардор набошанд?

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh