Мавзеи дилписанди мардум

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт имрўзҳо ба як мавзеи дилписанди истироҳатии аҳолӣ ва меҳмонон табдил ёфтааст. Ин боғ 9,2 гектар масоҳат дошта, дар тамоми гўшаҳои он тозагию озодагӣ, сабзкорӣ нигоҳ дошта шудааст. Майдонҳои варзишии баскетбол, футбол, волейбол, пайроҳа барои давидан дар хизмати ҷавонон ва варзишгаронанд, ки мунтазам чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Дарахтони сабзу сояафкан иқлими ин мавзеъро ҳама вақт салқину соя нигоҳ медоранд.

Бахшида ба 72-солагии Иди Fалаба гўшаи махсус ҷиҳозонида, аксҳои қаҳрамонони набарди солҳои 1941-1945 ҷой дода шудаанд. Дар пояи муҷассамаи «Модари сарбоз» номи 2099 нафар сарбозон ҳаккокӣ шудааст, ки барои имрўзи босаодат ҷонбозӣ кардаанд.

Дар чаҳор тахтасанг номи 103 нафар ҷанговарон сабт шудаанд, ки қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Ин иқдоми шоистаи мардуми ноҳия, ки хотираи неки гузаштагони худро пос медоранд ва ҷавонон аз ҳаёти гузаштаи онҳо дарси ибрат меомўзанд, шоистаи пайравист.

246 зина, ки дар канори боғ ҳаст, касро ба теппа мебарад. Он ҷо низ ҷойи истироҳату фароғат аст, ки манзараи тамоми шаҳраки Шайдон, деҳаҳои Марҳамат, Ошоба, Бахмал, Бободархон чун дар кафи даст намоёнанд. Дар сарсабзию ободии ин маҳалҳо рамзе нуҳуфтааст: аз гўшаи қаҳрамонони ҷанг мегузареду бо маҳалҳои ободу зебо рў ба рў меоед. Гўиё бо ҳам пайваст будани ҷонфидоёни ҷанг ва мардуми имрўза ҳис карда мешавад: онҳо Ватани моро аз душмани ғаддор озод кардаанд ва мо, имрўзиён ободгари Ватанем…

Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар худуди боғ ҷой гирифтааст.

Ҷомеаи меҳнатии 33-нафараи театр кўшиши худро ба он равона сохтаанд, ки сокинон, бахусус, ҷавонон дар Соли ҷавонон аз хизмати мо қаноатманд бошанду насли ҷавон дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва меҳнатпарварӣ ба воя расад, - мегўяд директори боғ Барзу Насибалиев.

Алиҷон ОЛИМОВ,
сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh