Хуҷанд - шаҳри гулҳо

Ба муносибати ҷашни бузург - 20 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилоят 120 рўзи ободониву кабудизоркунӣ эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар шаҳру навоҳӣ маъракаи ободониву кабудизоркунӣ, аз ҷумла, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ вусъати тоза мегирад.

Шинонидани 13 ҳазор дона гул

Исмоилҷон Зоидов, муҳандиси пешбари шўъбаи истеҳсолӣ - техникии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки шинонидани гулҳои ҳаррангаи ороишӣ тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва бахшида ба «120 Рўзи ободонию кабудизоркунӣ дар вилоят ба истиқболи 20 – солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ» сурат гирифта истодааст. Алҳол дар кўча ва хиёбонҳои маркази шаҳр зиёда аз 13 ҳазор дона гулҳои гуногун, ба монанди 7 намуд петуня, 2 намуд марҷонгул, тагетес, буттагули садбарг зиёда аз 45 ҳазор, 68 300 дона карнайгул шинонида шудааст. Барои муаррифии завқи зебоипарастӣ бештар дар кўчаҳои марказии шаҳр ва маконҳое, ки сайёҳон дидан мекунанд, гулҳои ҳафтранга бо ороиши хоса шинонида шудааст. Гулро беҳтарин тўҳфа унвон намудаанд. Мебинем, ки имрўз дар ҳар як чорабинӣ тўҳфаи арзишнок гул аст. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Раиси вилоят «Соли 2015 - Соли гулҳо» эълон гардида буд.

Таъкиди хосу шаҳрвандони беихлос

Ин дар ҳолест, ки таваҷҷўҳи Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои бо гулҳо оро додани кўчаву хиёбонҳои вилоят хоса аст. Ҳатто дар чандин баромадҳои хеш иброз намуданд, ки бояд ҳар нафар бо ороиши хос ва завқи зебоипарастии хеш назди хона ва кўчаҳои худро бо гулҳои ватаниву хориҷӣ оро диҳад. Сокинони шаҳри Хуҷанд ба зебогии гирду атроф диққати махсус диҳанд, табъи меҳмононе, ки аз дохил ва хориҷи кишвар меоянд, шоду болидарўҳ гардад.

Ҳатто истиқоматкунандагони шаҳр, ки хонаҳои онҳо дар қадди роҳ ҷойгиранд, бояд дар пешайвонҳои хонаи хеш аз гулдонҳои бо гул ороишёфта истифода намуда, ба ҳусни шаҳр ҳусн зам намоянд. Аммо имрўзҳо ҳангоми гузар намудан аз назди хонаҳои истиқоматии дар назди роҳ ҷойгирбуда, чунин ҳолат кам ба чашм мерасад. Гузоштани гул дар пешайвонҳои хонаи истиқоматӣ барои бошандагони он манзил низ манфиат дорад.

Дар сабқати зебоӣ кӣ пешсаф аст?

Суоле ба миён меояд, ки дар шинонидани гул ва ороиши кўчаҳо кадом кўчаҳои шаҳри Хуҷанд пешсафанд? Мушоҳидаҳои мо нишон медиҳанд, хиёбони 25 – солагии Истиқлолият (Маҷмааи фарҳангию таърихии “Истиқлол”), ки ҳамин сол ба истифода дода шуд, гулҳои ороишӣ шинонида, макони сайругашти одамон гаштааст.

- Шинонидани гулҳо асосан дар кўчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, 25 - солагии Истиқлолият, Раҳмон Набиев, Раҳим Ҷалил, кўчаи Сирдарё ба нақша гирифта шуда, он имрўз ба охир расидааст. Гулҳо асосан аз соҳибкорони инфиродӣ ва гармхонаи Муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд дастрас карда мешаванд, - мегўяд Исмоилҷон Зоидов.

Мавсуф ёдовар шуд, ки дар муассисаи мазкур 2 гармхона мавҷуд аст, ки гулҳои ҳаррангаи зебо ва ба иқлими шаҳр мутобиқ бударо парвариш менамояд. Алҳол 500 ҳазор дона гул барои дар мавсимҳои оянда шинонидан омода гардидаанд.

Ҳамчунин, имрўз 346 дона кўзаҳои гул дар кўчаҳои марказӣ гузошта шудааст. 26 адад конструксияи нав барои овехтани гул бо тарзи наву замонавӣ таҳия гардида, ки ҳусни шаҳрро зеб мебахшанд.

“Тирози ҷаҳон”

Имрўз барои дўстиву рафоқат ва пайваст намудани дилҳо аксарияти мардум аз гул истифода мебаранд. Таъкидҳои зиёди Раиси вилоят аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои гулзор намудани шаҳр бояд ҳамакаса ҷидду ҷаҳд намуд. Зеро зебоии шаҳр ин ифтихори мост.

Хуҷанд имрўз яке аз шаҳрҳои калонтарин ва зеботарини кишвар ба ҳисоб меравад. Хуҷандро «ТИРОЗИ ҶАҲОН» мегўянд, ки ин дар ҳақиқат дуруст аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh