Ҷашни 100-солагии Тӯҳфа Фозилова

Дар шаҳри Конибодом бахшида ба 100-солагии Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова ва 85-солагии театри давлатӣ-драмавии шаҳр ба номи Т.Фозилова тантанаи хотирмон доир гашт.

Таърих гувоҳ аст

Қаблан баҳри хонандагони сершумор танҳо намунае аз комёбиҳои баланди театр ва дастпарварони он ёдовар мешавем: Аз соли 1988 театр дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» мунтазам иштирок намуда, сазовори диплому ифтихорномаҳо ва ғолиби номинатсияҳои гуногун шудааст. Соли  2012 Шоҳҷоизаи фестивали «Нигоҳи нав» насибаш гашт. Соли 2017 «Суди девонагон»-и Шекспир дар таҳияи Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ театри Конибодомро ба оламиён муаррифӣ намуд. Дастаи ҳунарпешагони ҷавон Муҳиддини Музаффар, Фарҳод Fаффорпур ва Fайрат Қодиров тавассути ҳунари волои худ мухлисони театрро дар саҳнаҳои театрҳои машҳури дунё ба мисоли Чин, Англия ва ҳиндустон тасхир намудааст.

Дар маросими ҷашнвораҳои таърихӣ раиси шаҳр Fайбулло Боҳирӣ тамоми аҳли ҳунарро самимона шодбош гуфт.

Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истад Муҳаммадҷонова ва Юнусалӣ Эргашев аз намоишномаи «Нурхон» лаҳзаҳо пешкаш карданд. Ҳунарманди шӯҳратёр Дилбар Сулаймонова низ бо хунари волояш суруди «Бихандад Лола»-и Тӯҳфа Фозиловаро бо маҳорати баланд сароид. Барранда сарреҷиссёри театр, директори “Суғдсинамо” Муҳидини Музаффар роҳбари хеле ҷавон, минатдории самимиашро бинобар ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва ба раиси шаҳр F.Боҳирӣ нисбат ба театр ва таваҷҷӯҳ ба аҳли ҳунар изҳор кард. Ӯ ёдовар шуд, ки дар ин саҳнаи муқаддас ҳунармандону ҳунарпешаҳои боистеъдод Солиҷон Холиқов, Шафоат Эргашева, Мукаррама Рустамова, Абдувоҳид Бобоҷонов, Турғуной Мамадёрова, Дилором Баҳромова, Обидҷон Бобоҷонов, Мансурҷон Ризоев, Баротбой Содиқов, Марҳабо Латифова, Болтабой Бӯриев, Мунаввара Тӯхтаева, дертар солҳои 80-ум Юнусалӣ Эргашев, Вадӣ Шарифов, Каримҷону Дилбар Сулаймоноваҳо, Муҳаммадҷон Шодиев, Саиданвар Аъзамов, Тоҳир Баҳромову Мухтор Ҳайдаров ҳунару истеъдоди худро нишон додаанд.

Театр – саҳнаи намоишҳо

Маҳз бо ҳунару истеъдоди онҳо асарҳои «Зафар ва Зарина», «Ду коммунист», «Ӯртоқлар», «ҳалима», «Аршин мололон», «Зангирӣ» ва ғайраҳо, ки дар Тоҷикистон машҳур буданд, ба саҳна гузошта шудааст. Дар шабнишинии тантанаи 85-солагӣ ҳунармандони театрро овозхони шинохта Дилноза Каримова бо сурудҳои наву тозааш табрику таҳният гуфт. Назди ҳозирон яке аз аввалин роҳбари театр (дар с. 1968) Мурзуллохон Нарзуллоеви солхӯрда бо таасуротҳои аҷиби худ баромад кард. Барномаи идонаро овозхон Матлуба Мирзоҷонова ва устоди рақс Санавбар Олимова бо лаёқати санъаткории худ ҳусни хотима бахшиданд.

Алиҷон МАҲМУДОВ,
Аълочии матбуоти тоҷик

Add comment


Security code
Refresh