Шоири шўридаву хушҳол
- Details
- Published on Monday, 01 May 2017 11:40
Маҳфили эҷодии шоири шинохта ва рўзноманигори варзида Ҷўра Юсуфӣ, ки бахшида ба 40- солагии фаъолияти эҷодӣ ва 60-солагии зодрўзаш дар Театри тамошобини наврас ба номи Одилҷон Назаров баргузор гашт, хубу хотирмон ҷараён гирифт.
Маҳфилро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба базми шеъру ҳунар хайрамақдам гуфт. Қайд кард, ки Ҷўра Юсуфӣ аз шоирону рўзноманигорони номвари кишвар мебошад ва қалами ў чӣ дар назму чӣ дар ҷодаи ҷурналистика ҳаводорони зиёде дорад. Ҳузури раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, нависандагону шоирони ҷумҳурӣ ва дўстдорони каломи шоир дарак аз он медиҳад, ки воқеан сухан ва шеър қудрати ҷонофарин доранд.
Сипас, мудири шўъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилот Абдураҳмон Қодириро ба муносибати ҷашни 60-солагии шоир қироат намуда, ба Ҷўра Юсуфӣ тани баофият ва рўзгори обод таманно намуд. Табрикоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба самъи ҳозирин расонида, қайд кард, ки Ҷўра Юсуфӣ чун шоири шинохта дар тарғиби адабу фарҳангу ҳунар хизматҳои шоёнеро ба анҷом расонидааст.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим соҳибҷашнро бо 40-солагии фаъолияти эҷодиаш таҳният гуфта, барояш илҳоми саршор орзу кард.
Ҷўра Юсуфӣ ба муҳаббату меҳру ихлоси дўстон сипос гуфта, аз қаламкаш буданаш изҳори қаноатмандиву хушнудӣ намуд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»