«Гулдухтарони Суғдӣ»

Дар толори Хонаи фарҳанги ноҳияи Деваштич бахшида ба Соли ҷавонон бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, фарҳанги либоспўшӣ ва маҳорати кадбонугӣ Фестивал – озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид.

Ҷавондухтарону бонувон аз рўи панҷ шарт – муаррифӣ ба воситаи саҳнача, саволу ҷавоб оиди аз ҳолати ногувор баромадан, омода намудани на кам аз панҷ намуди хўроки қадимаи миллӣ – хуриш, ширинӣ, ороиши дастархон ва буридани угро, маҳорати сурудхонӣ, рақс, намоиши либосҳои миллию идона ширкат варзиданд.

Мураббиёни кўдакистонҳои рақамҳои 1, 7 ва 3 Таҳмина Каримова, Дилрабо Зокирова ва Маҳина Ҳасанова се ҷои аввалро ишғол карда, сарвари маҳфили Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия Дурдона Алибоева соҳиби Шоҳҷоиза гашта, ба Фестивал – озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» роҳхат гирифт.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh