Дастовард дар “Парасту-2017”

Эҷодкорони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе дар фестивали умумиҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту-2017» ширкат варзида, бо дастоварди назаррас баргаштанд.

Аз рўи ҷамъбаст ва қарори ҳакамони ин фестивал-озмун намоишномаи «Қалби зан»-и Эркин Хушвақтов дар таҳияи сарреҷиссёри театр Қурбон Бобоҷонов мақоми ифтихории сеюмро гирифт. Саррассоми театр Fуломҷон Қосимов барои беҳтарин ороишоти саҳна ва ҳунарпеша, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Сурайё Хўҷаева барои беҳтарин нақши занона ба мукофотҳои махсуси фестивал-озмуни «Парасту» сазовор гардиданд.

Спектакли «Қалби зан», ки нақшҳои асосии онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдураҳмон Ашўров, Аълочиёни фарҳанги Тоҷикистон Замира Юлдошева, Шукўҳ Иброҳимов, Озода Аҳадова ва Темур Султонов офаридаанд, ба мухлисони санъати саҳнавии пойтахти ҷумҳуриамон хеле писанд омад. Ҳунармандони театр аз ин дастовард рўҳбаланд гардида, намоишномаи мазкурро ба тамошобинони якчанд ноҳияҳои тобеъи марказ, шаҳрҳои Ҳисор, Регар, Шаҳринав ва Турсунзода намоиш доданд.

С.УМАРОВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh