Тўҳфаи Раиси вилоят ба китобхонаҳо

Тарғиби китобу китобхонӣ дар саргаҳи сиёсати фарҳангсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар татбиқи дастурҳои Сарвари давлат дар ин самт аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ 600 адад китобҳои арзишманд, ки аз ҷониби муҳаққиқони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» омода гардидааст, ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ройгон тақдим гардиданд.

Аксари ин китобҳо, ба мисли «Мунтахаби ғазалиёт»-и Шўхии Хуҷандӣ, «Иксири саодат» (гулбайтҳои Хоҷа Камол), «Армуғони аҳли дил» (тарҷумаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба ҳафт забон), «Тўҳфату-л-мулук»-и Абўҳафси Маҳмуд ҳама бо сифати оливу марғуб ва мўҳтавои бою ғанӣ бори аввал ба хонандагон пешкаш мешаванд.

Баҳроми РАҲМАТЗОД

Add comment


Security code
Refresh