Фарзанди театр

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Темур Султонов аз синни даҳсолагӣ дар саҳнаи театр фаъолият дорад. Ў бисту панҷ сол дорад, вале аллакай понздаҳ сол мешавад, ки тамошобинони тоҷик ўро ҳамчун актёр мешиносанд. Актёри ҷавон Темур Султонов дар саҳнаи театр бузург шуд. Дунёи кўдакии ў бо дунёи беканори санъат омезиш ёфт. Ў фарзанди театр аст.

Санъаткор ба воя расидан чӣ гуна аст ва он ба шахсияти инсон чӣ дода метавонад? Роҷеъ ба ин ва дигар муҳаббатҳои Темур Султонов доир ба театр бо ў сўҳбати сарироҳӣ доштем. Ҳоло фишурдаи онро манзури хонандагони “Ҳақиқати Суғд” мегадонем:

Ҳар шавқе, ки дар дил аланга мезанад, метавонад ба муҳаббати воқеӣ табдил ёбад

-Барои чӣ маҳз пешаи актёриро интихоб кардед, ин интихоб муҳаббат буд ва ё тасодуф?

– Вақте даҳсола будам, аз ҷониби мактаб бо бародарам барои тамошои намоишномаи “Бойчечак”, ки дар Театри тамошобини наврас баргузор мегашт, рафтем. Ҳамон рӯз аввалин оташаки муҳаббат нисбат ба касби актёрӣ дар дилам шӯъла зад. Намоишнома бароям писанд омад ва бо бародарам дуввум маротиба омадем. Ногоҳ бинам, ки яке аз ҳамсинфонам дар ин намоишнома нақш меофарад. Пас аз тамошо бо ҳамсинфам оид ба намоишнома сӯҳбат кардем, таассуроти бардоштаамро гуфтам. ӯ шавқу муҳаббати маро дида, пурсон шуд:

- Ту ҳам нақш офаридан мехоҳӣ?

Гуфтам: - Бале

Гуфт: - Пас, якшанбеи ҳамин ҳафта ба театр биё.

Рӯзи якшанбе ба театр рафтам. Кормандон бахшида ба Соли нав намоишномаи навбатиро тайёр мекарданд. Маро қабул карда, гуфтанд, ки андаке биист, мо туро месанҷем (он ҷо аслан аз довталаб имтиҳон мегирифтанд). Ҳамин ҳангом барои иҷрои нақши гург одам набуд ва Ислом Саломов пурсид: Кӣ холӣ? Даст бардоштам ва иҷрои нақшро ба ман супориданд, яъне аввалин бор дар намоишномаи бачагонаи солинавӣ нақши гургро иҷро кардам.

- Ислом Саломов устоди нахустини Шумо аст?

-Бале, он кас нахустин устоди ман ҳастанд. Хеле шарафмандам, ки қадамҳои аввалини маро дар ҷодаи санъат ва театр ин марди ҳунарманд раҳнамоӣ кардаанд. Аз соли 2001 то 2010 дар ин театр ҳунарнамоӣ намуда, соли 2010 барои таҳсил ба шӯъбаи театри бадеии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло номаш тағйир ёфтааст) рафтам. Донишгоҳро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм намудам.

Айни ҳол дар Театри мазҳака ва мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамчун актёр фаъолият дорам.

- Ба андешаи Шумо барои наврасоне, ки хоҳишу муҳаббати актёр шуданро доранд, чиҳо зарур аст?

-Агар шавқ ва истеъдод дошта бошанд, бегумон маҳорату донишро дар рафти омӯзиш сайқал дода метавонанд. Яъне, пеш аз ҳама истеъдод ва муҳаббат ба ин касб. Бештар хондан ҷаҳонбинӣ ва диду нигоҳи хешро васеъ кардан, ҳамқадами замон будан хеле зарур аст.

- Яке аз мушкилии наврасон фарқ карда натавонистани шавқу ҳавас аз истеъдод мебошад. Шумо ба онҳо чӣ тавсия дода метавонед?

- Кӣ воқеан шавқу истеъдод дорад, замон муайян менамояд. Баъзе бачаҳое, ки ҳамроҳи ман рафта буданд, оҳиста-оҳиста худашон тарки ин пеша карданд. Инсон бояд худ дарк намояд, ки чӣ мехоҳад. Ҳар шавқе, ки дар дил аланга мезанад, метавонад ба муҳаббати воқеӣ табдил ёбад, барои ин талош, азму ният ва хоҳиш лозим аст. Албатта, замони кӯдакӣ барои пайдо кардани пайроҳаи зиндагӣ бояд бисёр шавқу ҳавасҳоро паси сар кард ва миёни ин ҳама ҳавасҳо муҳаббати аслиро пайдо кардан хеле муҳим аст.

- Чун асри ХХI асри технология аст, ба андешаи Шумо зиёд хондани китобҳои бадеӣ ба маҳорати актёрӣ таъсир мегузорад?

-Албатта. Актёр бояд бештар асарҳои бадеӣ мутолиа кунад, чунки дар онҳо образи қаҳрамон ҳаматарафа нишон дода шудааст. Қайд кардем, ки барои сайқали маҳорат рушди ҷаҳонбинӣ хеле муҳим аст. Хондани асарҳои бадеӣ барои вусъати ҷаҳонбинӣ мусоидат мекунад. Устодон ба мо пайваста таъкид мекарданд, ки хонем, омӯзем ва таҷриба андӯзем.

- Оё дар замони бачагӣ пешаи актёрӣ ба дунёи кӯдакиятон таъсир расонд?

- Оре, якумин таъсиргузорӣ ин аҳамияти бештар додан ба саломатӣ, тозагии зоҳирӣ, аз ҷумла, пойафзолам буд. Ман аллакай дар замони бачагӣ маданияти гуфтору рафтор, либоспӯширо аз бар карда будам. Ҳар намоишнома дар рушди шахсияти ман нақш мегузошт. Бештар кӯмак мекард, ки ман хубу бадро аз ҳам ҷудо карда тавонам. Муҳимтар аз ҳама маро аз оворагардӣ дур кард. Муҳаббатамро ба омӯзиш афзуд, китобхон кард.

 - Образҳое, ки дар саҳна иҷро менамудед, ба шахсияти Шумо чӣ гуна таъсир мерасонд?

- Дар давраҳои кӯдакӣ нақшофарӣ ҳамчун бозӣ мегузашт. Ислом Саломов чӣ тарз иҷро намудани нақшро мефаҳмониданд. Баъди донишҷӯ шудан чӣ гуна офаридани ҳар як образро меомӯхтам. Баъзан бо ҳамон образ зиндагӣ мекардам. Масалан, бо образи Расколников –донишҷӯ, қаҳрамон аз романи Достоевский чандин вақт зиндагӣ мекардам. Аз роман порчаеро иҷро кардам, сипас як қисмашро филм ҳам сохтам ва ҳардуро пайваст намуда, ҳамчун кори мустақилона пешниҳод кардам. Роҳбари гурӯҳ Тағоймурод Розиқов дар маҳорат, дар нутқи саҳна Раҷабов, дар актёрӣ Сӯҳроб Ҷанҷолов буданд. Замони донишҷӯӣ дарси як устод маро қонеъ карда наметавонист, аз ин рӯ, дар дарсҳои ҳамаи устодон иштирок менамудам. Аз ҷумла, дар дарсҳои Қурбони Собир, Шералӣ Абдулқайсов ва Ҳошим Гадоев борҳо ширкат доштам.

- Имрӯз ҷавонон кам ба театр мераванд, имкон доранд, ки тавассути интернет дар хона намоишномаҳои театрҳои ҷаҳониро тамошо кунанд. Ба фикри Шумо чӣ бояд кард, ки актёрони тоҷик ба рақобати байналхалқӣ мутобиқ шаванд?

– То ҷое актёронро гунаҳкор медонам, чунки шояд мисли пешиниён китоб нахонанд, намоишномаҳоро кам тамошо мекунанд. Мавзӯи саҳнаи ба намоишгузошта мувофиқи завқи ҷавонон нест. Бинобар ин, ба театр кам меоянд. Коргардонҳо низ бояд намоишномаҳоро ба завқи аудиторияи муосир мутобиқ созанд. Сатҳи талаботи тамошобинро дар назар дошта бошанд. Ҳамчунин, ҷавонон бештар ба техника ва кино майл карданд. Бештар аз болои худ кор кардан лозим. Таҷриба андӯхтан ва бо театрҳои байналхалқӣ робитаро барқарор ва ҳамкорӣ намудан ба рушди истеъдод ва сайқали маҳорат кӯмак мерасонад.

-Ба наздикӣ Шумо аз курси омӯзишии “Нигоҳи нав” баргаштед. Ин омӯзиш дар фаъолиятатон ягон таҳаввулот эҷод кард?

- Албатта. Вақти ташкил шудани ин фестивал дар курси дуюм мехондам ва аз ҳамон сол инҷониб иштирокчии фестивал ҳастам. Нахустин намоишномае, ки дар он ҷо пешкаш кардем, саҳнаҳо аз ҳикояҳои “Маснавии маънавӣ”- и Ҷалолуддини Румӣ буд. Панҷ сол инҷониб иштирокчӣ ҳастам ва ҳамкорӣ менамоям. Ҳатто дар чорум ҷашнвораи фестивал бо намоиши “Теғи бунафш” шабона ҳам бо ҳамроҳи коргардон Файзулло Файзов дар хона кор мекардем. Баъди ба намоиш гузоштани намоишнома сазовори беҳтарин нақши мардона (соли 2015) гардидам. Самти коргардониро интихоб намудам ва баъди як сол дар ҳамин ҷашнвора намоишномаи “ Дарси бераҳмонаи Валентин Красногоров”-ро бо “Табиби зӯракӣ” ҳамроҳ ба саҳна гузоштам.

- Имсол Соли ҷавонон аст. Шумо аз ин сол ва аз худ чӣ интизориҳо доред?

- Чигунагии Соли ҷавонон ва натиҷаҳои он аз худи мо вобаста аст. Умедворам, соли бобарор бошад. Интизорӣ аз касе надорам, зеро агар ягон кори муҳимро хуб ба анҷом расонам, натиҷаи хуб медиҳад. Ният дорам, соли равон ҳамчун коргардон намоише пешниҳод намоям.

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред ва орзуи Шумо чист?

-Ҳоло омодагӣ ба намоишномаи “Ишқи парӣ” рафта истодааст ва ман ҳам яке аз иҷрокунандаи қаҳрамони он ҳастам. Дар фестивали “Парасту” намоишномаи “Аз мост, ки бар мост” пешкаш карда мешавад. Ният дорам ҳамчун актёр дар самтҳои гуногун нақшҳо офарида, чун коргардон як намоиш ба саҳна гузорам. Инчунин, ба саҳна гузоштани асарҳои бузурги Шекспир ва дар ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намудан аз мақсадҳои ин сол аст.

-Барои сӯҳбат ташаккур.

-Сабаланд бошед.

Сӯҳбаторо Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh