Абирсиришт аст гулшану гулҳо...

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз шаҳру навоҳии кишвари азизамон ободу зебо мегардад. Кӯчаю хиёбонҳо, роҳу гулгаштҳо, майдончаҳои биноҳо гулзор шуда, симои шаҳру навоҳӣ шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо кардааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои ободу зебо намудани саҳн ва атрофи корхонаву ташкилотҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, ҳавлиҳо бо ороиши кӯзаҳои гул супориш дода буданд, ки имрӯз дар ҳама муассисаҳо ин иқдоми нек амалӣ гардида истодааст. Мушоҳида намудем, ки саҳн ва мавзеи аксари корхонаву ташкилотҳои дар қадди роҳи мошингарди маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгирбуда гулу гулзор шудаанд.

Дар даромадгоҳи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят кӯзаи гулҳои тару тоза дар девораҳо насб шуда, табъи бинандаро шод мекунанд. Чунин намудҳои кӯза бо гулҳои рангоранг дар даромадгоҳи Маркази саломатии №6, корхонаи муштараки «Сатн», Маркази савдои «Нур», ошхонаи «Самарқанд», Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и ба номи С.Ӯрунов, Беморхонаи шаҳрии №2, бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Маркази саломатии №1, Маркази вилоятии «Тоҷикстандарт», беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи А.Нурматов, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба назар мерасанд. Бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда ва дарахтони ороишӣ маҳалли зист, деҳа ва шаҳраки худро обод гардонида, саъю кӯшиш намоем, ки кишвари офтобрӯяи хешро боз ҳам зеботару ободтар гардонем.

Шаҳноза ҲОМИДОВА
Суратгир И.РАБИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh