Фарҳод FАФФОРПУР: Соҳибони вақт бояд буд
- Details
- Published on Friday, 21 April 2017 08:54
Фарҳод Ғаффорпур ҳунарманди театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом. Ҷавони ҳунарманд бо нигоҳи наву муосир. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда шарафёб гашта, ки дар саҳнаҳои байналмилалӣ санъату ҳунари миллиамонро муаррифӣ кунад. Андеша дорад, ки бояд соҳибони вақт буд ва барои ободии имрӯз ва пойдории фардо талош кард. Бо ӯ сӯҳбате оростем. Умедворем, хонандагон низ моро дар ин сӯҳбат ҳамроҳӣ мекунанд.
-Фарҳод Ғаффорпур кай дарк кард, ки пайроҳаи умраш бо санъат ва театр пайванди ногусастанӣ дорад? Ва чаро маҳз театр?
- Фарҳод Ғаффорпур ҳам мисли аксари хатмкунандагони мактабҳои миёна дар чорроҳи интихоби касб раҳгум зада буд. Ба андешаи ман яке аз нуқсҳои кадрии ҷамъияти мо ин аст, ки ҷавонони мо то охирин лаҳза намедонанд кадоме аз касбҳоро интихоб кунанд ва оқибат пас аз хатми мактаб “ҳар чӣ бодо бод” гуфта муҳоҷират мераванд...
Ва хеле бад аст, ки мо аз хурдсолӣ ҷодаеро интихоб карда, омодаи касби оянда намешавем ва ё агар дар кӯдакӣ орзу карда бошем ҳам, баъди бузург шудан ба осонӣ дарро ба рӯи орзу мебандем. Чун бузург мешавем, бартарияти ниёзи моддиро нисбат ба ҳама чизи дигар эҳсос мекунем ва дар ҳамин васваса бо коре машғул мешавем ва ё касберо интихоб мекунем, ки якумр ё иҷборан меҳнат мекунем ё одат.
Шояд муболиға нашавад, агар ман гӯям, ки бештар дар саҳнаи мактаб баромад мекардам нисбат ба он, ки дар назди тахтаи синф дарсеро ҷавоб бигӯям. Ҳамин тавр, мане, ки ҳамеша дар саҳнаҳои гуногун шеър мехондам ва саҳначаҳо иҷро мекардам, хулоса кардам, ки духтур бишавам. Дертар фикр кардам, ки наттоқи тӯю маъракаҳо ҳам бад нест, чун даромади хуб дорад.... Ҳамин тавр, дар андешаи ояндаи худ атрофи касбҳои гуногун ва маошу даромади онҳо раҳгум зада будам, то замоне, ки ногаҳон бо театр ва актёр бархӯрд кардам....
Қисса кӯтоҳ, солҳои 2003 театр ва касби актёрӣ престиҷ набуд ва ҳеҷ касе ба он самт ҳаракат намекард, магар чанд тан аз “сарзадаҳое”-е, ки дар студияи “Наврас”-и Юнусалӣ Эргашев таҳсил мекарданд. Устод фазое эҷод карда буданд, ки як гурӯҳи калони аҳлу тифоқи актёрҳои ҷавон ба вуҷуд омад ва мо ҳама чунон ба ҳам унс гирифта, одат кардем, ки қариб ҳамеша бо ҳам будем ва театр хонаи мо гашт. Дар он фазо будан бароям гуворо буд ва ман албатта, он вақт инро дарк намекардам, вале тақрибан эҳсос мекардам, ки агар ҳаётамро бо театр пайвандам, ҳар субҳ бо хушнудӣ ба кор хоҳам рафт. Ва ҳоло меандешам, ки нохудогоҳ чӣ интихоби дурусте кардаам.
-Аввалин нақши Шумо дар саҳнаи театр ва нақши ин образ дар сохтмони пайроҳаи ҳунарӣ чигуна буд?
-Ростӣ, намедонам, ки аввалин образ кадом буд... Ёдам нест... ҳар як образ ва ё нақш ин зинаест, ки бораш “таҷриба” аст, мисли ҳар як китоб, мисли ҳар як сафар, мисли ҳар як рӯз... ҳар образи иҷро кардаам ҳатман дар сохтмони бинои ҳунариам хиште будаанд ва ҳар якашонро дӯст дорам. Аммо дар ҷараёни рушди ин касб такони сахтеро бар ман образи Дионис аз намоиши “Ваҳваҳабонувон” додааст, ки ба коргардонаш устод Авлиёқулӣ сано мефиристам.
- Бо намоишномаи «Суди девонагон» дар сафарҳои кишварҳои хориҷ будед, мехостем таассуротатонро аз кӯлбори бардоштҳоятон бифаҳмем.
-Ҳар як сафар мисли ҳар як китоб бардошту таассуроти худро дошт. Барои мо муҳимтарин бардошт аз ин сафарҳо ин боварӣ буд. Боварӣ ба худ. Вақте ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳунари тоҷиконро эътироф мекунанду театри тоҷикро дӯст медоранд, барои ҳунармандони ҷавон эҳсоси он, ки аз дигарон кам нестанд, илҳомбахш аст. Миёни даҳҳо дастаҳои ҳунарӣ ва бозигарони гулчини театрҳои гуногун аз ҳар гӯшаи ҷаҳон баромад кардан ва масъулияти сазовор муаррифӣ кардани як миллатро дар сатҳи байналмилалӣ бар дӯш доштан ифтихор буд барои мо, ҷавонон. Дар Ватан ҳар яки мо ҳама “шаҳрванд” ҳастем, вале дар хориҷа мо “тоҷик” ва номамон – тоҷикистонӣ.
- Ба Шумо саодати дар саҳнаҳои театрҳои Шанхай, Лондон ва Деҳливу Ҳайдаробод нақш офаридан даст додааст. Бигӯед, ки тамошобини ин шаҳрҳои ҷаҳонӣ аз ҳам чӣ тафовуте дошт ва тамошобини тоҷик аз онҳо чӣ фарқ дорад?
-Ҳунар қудрат дорад, ки инсонро вобастаи хеш кунад. Ҳамин вобастагӣ ҳаст, ки тамошобини мамлакати Ҳинд бо ҳар роҳ ба толори синамо роҳ меёбад, мардуми Лондон барои намоиши театрӣ 6 моҳ қабл чипта пайдо карда наметавонанд. Агар театри тоҷик тамошобин надорад ва ё агар дошта бошад, хеле ками кам дорад, ин ҷурми мо, масъулони ҳамин соҳа аст, ки натавонистем мардуми худамонро мухлиси худ бикунем.
Агар ба бозоре ё маркази деҳе дорбозчиён биёянд, мардум бо хушнудӣ ҷамъ мешаванд. Ва ё синамои силсилаи туркӣ тавонист ба ҳар хонадони тоҷик ворид шавад ва мардумро чунон вобастаи худ кунад, ки ҳар ҳафта диск мехарем.
Умедворам, ба рӯзе наздикем, ки тухми вируси сироятии театр ва синамои миллӣ эҷод шавад ва дар зеҳни мардуми тоҷик эҳсоси гуруснагии маънавиро бедор намояд.
- Ба андешаи Шумо барои рушди санъати театр ва бедор намудани муҳаббати мардум ба ин боргоҳи ҳунар чӣ бояд кард?
-Шояд як замоне осонтар буд ин кор, вале аз ҳар замони дигар ҳоло душвортар аст. Тамошобини имрӯз тамошобини замони гузашта нест, ки марде агар либоси занона бипӯшад, бихандад. ӯ имрӯза шедеврҳои синамои ҷаҳониро дида, ба воситаи телевизионҳои моҳворавӣ, интернет аз намунаҳои беҳтарини ҳунари дунё бархурдор ва бо телефони дастиаш, ки аз даст намегузорад, вориди толори театр мешавад.
Аммо новобаста ба ҳамаи ин мо, соҳибони вақти театр, бояд коре бикунем... Ва мо, ҷавонони театри Конибодом, дар ин ҷода талошҳое дорем ва ин роҳкушоиҳои театр ба дунё бахше аз ин нақшаҳост.
- Медонем, ки дар самти синамо низ фаъолияти густурда доред. Ба сифати актёр ва ҳам танзимгар. Роҷеъ ба ин паҳлӯи ҷабҳаи ҳунару офаринишатон ҳарф мезадед?
-Бисёр сахт, вале хеле аҷибу рангин аст, ҳамзамон, зиндагии ду фардро зиндагӣ кардан. Ҳаёти актёр-Фарҳод Ғаффорпур, ки рӯи саҳнаҳои мухталиф аз забони Шекспиру Фирдавсӣ ҳарф мезанад ва ё назди камераҳо нақш меофарад. Ва зиндагии филмсоз - Farhodactor, ки замони тадвин хешро аз оламиён гусаста, дар гӯшае танҳо бо филму қаҳрамонони филм зиндагӣ мекунад.
Маро муяссар шуд, ки дар тӯли як умр ҳаёти ду нафарро, ду эҷодкорро, ки фаъолияташон аз ҳам фарсахҳо дур ва ҳамзамон, хеле наздик аст, зиста, зиндагии рангину зеборо барои худ эҷод бикунам.
- Фарҳод Ғаффорпур аз Соли ҷавонон чӣ интизориҳо дорад ва ба хотираи ин сол чӣ доданист? Орзуҳои Шумо…
- Соли ҷавонон.... Ман ба онам, ки пириву ҷавонӣ ин хулоса аз синну солу ҳоли ҷисмонӣ нест. Ин хулоса аз ҳолати зеҳну равон аст. Ман мардеро мешиносам, ки беш аз 60 сол умр дидааст ва ҳоло забони англисӣ меомӯзад, телефони дастӣ дораду бо компютер ба дӯстони хориҷиаш мактуби электронӣ менависад ва барои чанд соли дигар нақшаву барномааш кашида шудааст. Дар муқобили ин мӯйсафед ҳамсинфе дорам, ки 32 сол дорад ва пиртар аз ҳама пирсолон аст.
Пас, ман масъалаи пириву ҷавониро ин хел мефаҳмам. “Пир”-нафаре, ки дар пеш умеде надорад ва ба қафо нигоҳ кардааст. Бо хотироти гузашта зиндагӣ мекунад. “ҷавон” нафарест, ки ҳамеша ба пеш нигоҳ кардааст, нақшаву ниятҳои зиёд дорад.
Ман таманно мекунам, ки дар Соли ҷавонон ҳама “ҷавон” бошанд. Ва соҳибони вақт...
-Оё гуфтанӣ доред, ки мо аз он напурсидем?
- На.... бе ҳамин ҳам зиёд гуфтам.
-Ташаккур барои сӯҳбат.
-Ташаккур барои сӯҳбат.
Сӯҳбаторо
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»