Мақоми ёдгориву бозёфтҳо дар тарбияи маънавии шахс
- Details
- Published on Thursday, 20 April 2017 13:55
Эҳтирому гиромидошти мероси гузашта, дарк намудани алоқаи равишҳои таърихӣ гувоҳи соҳиби маърифату фазилат будани шахс аст.
Нашъунамои минбаъдаи ҷамъият, алоқаи вақту замонҳо дар мадди назари шахс ба тарзи аёниву воқеӣ таҷассум мегардад. Шахс комилан мефаҳмад, ки айёми гузашта дар вуҷуди ҳозира гум нашудааст, иваз нагардидааст, балки дар он ғанӣ гаштааст. Аз ин ҷост, ки мақоми ёдгориҳо дар ҳақиқат бузург аст.
Муҳофизат ва нигоҳдошти ёдгориҳо, мероси моддию маънавӣ ва фарҳангии халқамон вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, ин нукта дар "Қонуни ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва маданият" сабт аст.
Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар аксари маърӯзаю гузоришоти худ муҳофизати ёдгориҳои миллиро таъкид кардаанд.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: "Яке аз сарчашмаҳои худшиносии миллӣ, ки решаҳои шукуфони маънавию фарҳангии халқи моро шодоб мегардонад, ин мероси таърихӣ мебошад, ки дар дастовардҳои илмӣ, дар хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии рӯҳи гузаштагонамон инъикос гардидааст. Бе такя ба ин гузаштаи пуразамат мо дар ҳеҷ соҳае ба пешравӣ ноил гардида наметавонем.
Агар мо ба таърих назар андозем, мебинем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он то кадом андоза заҳмат кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд."
Қонун ба анъанаҳои неки умумибашарӣ такя намуда, нисбат ба муносибат ба ёдгориҳо ҳамчун ба дастовардҳои гаронбаҳои халқ ба ҳифз ва истифодаи он бо мақсади инкишофи илм, маориф, маданият, ба вуҷуд овардани эҳсосоти инсонпарварӣ ва тарбияи ҷавонон қарор мекунад. Бояд, ки барои риоя намудани талаботи нормативии ҳифзи ёдгориҳо шароити мусоиди моддӣ фароҳам оварда шавад: ёдгориҳои осебдида таъмир ёбад, аз оташ ва дигар ҳодисаҳои нохуш эҳтиёт карда шавад. Ёдгориҳое, ки дар ихтиёри ташкилоти ҷаъмиятӣ, давлатӣ, динӣ ва инчунин шахсиятҳо мебошад, набояд аз эътибор соқит монда, осеб ёбанд ва нобуд гарданд.
ҳар фарди комилҳуқуқ ва аз худ огоҳу хештаншинос вазифадор аст, ки мероси пурғановати ниёгони худро ба оянда расонад, зеро насли муосир меросбари ёдгориҳои моддиву маънавӣ барои ояндагон ҳастанд.
Дар нимаи дуюми асри гузашта зиёда аз 350 номгӯи масҷиди ҷомеъ ва қавмии Хуҷандро ба ҳисоб гирифта буданд. Инчунин, 163 мадраса фаъолият доштааст. Муттассифона, дар охирҳои асри гузашта 90 дар сади онҳо вайрон карда шудаанд ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки яке аз онҳо масҷиду мадрасаи ҳазрати Бобо аст.
Ёдгории таърихӣ-меъмории ҳазрати Бобо. Дар лавҳае, ки дар девори мақбара насб шудааст, чунин маълумот оварда шудааст: «ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ арбоби бузурги дин, соҳиби илми ҳол ва илми қол, ки аз рӯи манобеъи мӯътамад устоди Мавлоно Шамси Табрезӣ буданд, охири асри ХI ва аввалҳои асри ХII зиндагӣ карда, дар ин мавзеъ дафн шудаанд. Ба бинои мақбараи мазкур асри ХIII ва масҷид асри ХVIII поягузорӣ шудааст.
Худованд ҳаргиз аҷру савоби некӯкоронро зоеъ намегардонад!»
Ин ёдгории таърихӣ сутунҳои кандакории беназир, калламуқарнаси зебо, равоқу сақфҳои нақшини нотакрор дорад, вале хеле фурӯрафта аст. Хусусан, дар деворҳо, ки бо хатҳои райҳонӣ ва куфӣ навиштаҷот сабт гардидаанд ҳамто надоранд, ки мутаассифона аз байн рафта истодааст. Гарчанде ки ин макон алҳол хоктӯдаро мемонад, вале се дарахти азимҷуссаи арча, ки таърихи зиёда аз 650-сола доранд, диққати касро ба худ ҷалб менамоянд.
Бо иқдоми устоди шодравон С.Марофиев солҳои 2000-ум мақбара таъмир гардида, лоиҳаи Маҷмааи фарҳангию таърихии ҳазрати Бобо омода гардид, вале то ҳол азнавсозӣ нагардидааст.
Воқеъан, дар замони ҷаҳонишавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам, дар радифи кишварҳои тараққиёфта биноҳои осмонбӯс бо меъморӣ ва тарҳи замонавӣ сохта шаванд, коху толорҳо бунёд гарданд, лекин на дар ҷойҳои ёдгориҳои таърихӣ, масҷиду мадрасаҳои пурнақшу нигор ё мақбараҳои бузургон, балки дар мавзеъҳои нообод ё навбунёд тарҳрезӣ шаванд.
Мо бояд ёдгориҳои таърихиамонро муҳофизат намоем, зеро онҳо миллати бофарҳангу зебоофари тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Адибахон ӮРМОНҶОНОВА,
сармуҳофизи фонди Осорхонаи
таърихии вилояти Суғд