“Ганҷи сухан” дар пояи муҷассамаи Сайфи Исфарангӣ

Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд, имрӯзҳо ба макони чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ табдил ёфтааст.

Дирӯз нишасти 150-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар ин макони сабзу хуррам ва обод дар пояи муҷассамаи шоири тавонои тоҷик Сайфуддини Исфарангӣ бо иштироки бештар аз 300 нафар мухлисони адабу фарҳанг баргузор гардид. Аз маркази вилоят гурӯҳи калони олимону адибон ба ин шаҳри бостонӣ ташриф оварда, мулоқоти судмандеро бо қаламкашони шаҳри Исфара баргузор карданд. Ин навбат маҳфил ба эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Рӯзи илм ва рӯзи мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бахшида шуд, ки муҳаққиқону адибон дар назди ҳозирин перомуни ин мавзӯъот суханронӣ карданд. Нахуст роҳбари маҳфил номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов баромад карда, гуфт, ки нишасти 150-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар ин гӯшаи обод дар ҳузури мардуми адабпарвари шаҳри Исфара баргузор мегардад фоли нек буда, ифодагари амалӣ намудани дастуру супоришоти Пешвои миллат оид ба рушди адабиёту илм дар кишвар ва дарёфти ҷавонони соҳибқаламу боистеъдод мебошад. Сипас таҳти мавзӯи “ Шарофати қудуми Пешвои миллат ва рушди фарҳангу адабиёт дар Исфара” раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода баромад намуда, аҳли адабро ба ин диёри бостонӣ хайрамақдам гуфт.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода дар мавзӯъи “Адабиёт ва фарҳанг қосиди сулҳу саодати мардум” суханронӣ кард ва аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аъзоёни маҳфилро бо нишасти 150-умин муборакбод намуд. Ӯгуфт, ки имрӯз маҳфили “Ганҷи сухан” дар байни мардум маъруфияти хос дорад ва дар пешрафти илму адаб ва фарҳанг нақши арзандаро соҳиб аст. Махсусан баргузории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имкон медиҳад то робитаи аҳли илму адаб бо суханварону суханшиносони маркази вилоят вусъат ёбад. Номзади илмҳои филология Субҳон Аъзамзод оид ба девони тозанашри Сайфи Исфарангӣ , ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд интишор гардидааст, сухан карда, ба ҳозирин намунаҳои осори шоирро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар маҳфил бахшида ба зодрӯзи устод Айнӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод суханронӣ намуда, хотираҳои хешро аз вохӯрӣ бо устод Айнӣ нақл кард, ки ниҳоят ҷолиб буд. Сипас муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров дар такя ба маводҳои бойгонии худ аз рӯзгори сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ воқеаҳои ҷолибу таърихиро баён кард. Ҳини сӯҳбат муаррих пешниҳод намуд, ки вобаста ба санади таърихӣ устод Айнӣ ба Исфара омадаанд ва гузоштани як нипайкараи нависанда дар ин макон айни матлаб хоҳад буд. Дар идома дар мавзӯи “Таҳаввулоти фарҳанги мусиқии Исфара”номзади илмҳои таърих, дотсент РаҳимҷонАминҷонов маърӯза кард. Шоир ва фарҳангнигори тоҷик Абдуҷаббори Суруш ва суханварони Исфара Нарзуллои Азизиён, Набиюллоҳ Суннатӣ, Акмалхўҷа аз ашъори тозаи хеш шеърҳо хонданд.

Нависанда Додохони Эгамзод ҳамчун мизбон ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва пешниҳоди муаррих Усмонҷон Ғаффоров оид ба гузоштани нимпайкара ба Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва хоҳиши масъули маҳфил Саидумрон Саидов оид ба дар як рӯзи муайян соле як маротиба дар пояи муҷассамаи шоири тавонои асри 13 Сайфи Исфарангӣ баргузор намудани “Хониши шеъри Сайф”- ро қобили қабул донист ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар иҷрои ин пешниҳодҳо хоҳиш ба амал овард. Суруду оҳангҳои дилангези сарояндагони шӯъбаи фарҳанг ва мақомсароёни шаҳри Исфара бо роҳбарии Исроил Файзиддинов ба маҳфил шукӯҳи дигар ато кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh