“Истиқлол” соҳиби иқбол

Ҳанўз моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ сохтмони иншооти бузурге ҷараён гирифта, дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ин иншооти таърихӣ минбаъд Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Истиқлол» унвон гирифта, сарварии он ба дўши инсони комил, ҷавонмарди матинирода Илҳом Иномӣ вогузор шуд. Ҳарчанд ин иншооти нодир ва мўҳташам ба макони сайругашт ва тамошои сокинону меҳмонони ҳудуди вилоят мубаддал гашта бошад ҳам, то ҳанўз корҳои сохтмонӣ ва ободиву гулзоркунӣ дар ин мавзеъ идома доранд.

Ҳанўз замони баистифодадиҳӣ масъулин нақша доштанд, ки дар қабати якуми бино осорхонаи таърихии минтақаҳои кишварро ба роҳ монанд. Хушбахтона, аллакай баъди як сол ин иқдоми нек дар ин мавзеи таърихӣ роҳи ҳалли худро ёфт. Имрўз намуди маҷмаа ранги дигару таровати хосаеро дорост. Намунаҳои нигораҳо аз ҳафт минтақаи кишвар: водиҳои Фарғона, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш ва Хатлону Бадахшон ҷамъ оварда шуда, бозгў аз давраҳои қадим то замони кунунӣ мебошанд. Нахуст назари бинанда ба симои зоҳирии зани фарғонагӣ меафтад, ки дар тан либоси аз матои беқасаб дўхташуда ва дар сар рўймоли фаранг дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки матои беқасаб бори аввал дар водии Фарғона аз ҷониби ҳунармандон бофта шуда, ба дигар минтақаҳои кишвар паҳн гардидааст. Инчунин, намунаҳои либосҳои кўдакона, писаронаю занона, пойпўшҳо, асбобҳои рўзгор, ва мусиқӣ, кўзаву обдаста, маҳсули ҳунармандони давраҳои гуногун: сўзаниву қолин, рўймолу болин, дастархони қуроқию ҷўробҳои пашмин, нигораҳои ҷойҳои таърихии мавзеъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ашёҳои зарурии дар рўзгор истифодашуда ҷой дода шудаанд. Нафари бинанда метавонад дар ин макони таърихӣ бо анъана ва расму оинҳои мардумии маҳалҳои халқи тоҷик аз наздик ошно шавад. Дар осорхона ходими илмӣ Фотимахон Баҳодурова, роҳбаладон Шоира Орифова ва Дилафрўз Отахонова ба мардум хизмат мерасонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баландии муҷассама 52 метр буда, тоҷ ва ҳафт ситораи он бозгў аз ҳафт қабати осмон, ҳафт шоирони классики машҳур, ҳафт минтақаи кишвар ва ғайра мебошанд. Ситораҳо аз метали пурқувват сохта, бо ранги зард пўшонида шудаанд. Тоҷ рамзи тоҷдории халқи тоҷикро аз азал ба оламиён муаррифгар аст.

Ошёнаи дуюми бино ҷои тамошогоҳи зимистона буда, бо шишабандӣ оро дода шудааст. Дар назар аст, ки аҳолӣ ва меҳмонон дар курсиҳои нарму бароҳат нишаста, нўшидани чойи кабуд ва тамошои шаҳри зебоманзарро аз баландӣ меписанданд. Дар қабати сеюми бино тамошогоҳи тобистона ҷойгир шуда, ба худ таровати хосаеро дорост.

Алҳол сохтмончиён корҳои сохтмониро дар қабати сеюм анҷом дода, барои ба истифода додани зинаи ҳалқашакл кўшиш доранд. Лифти замонавӣ (мошини махсус, ки барои баромадан ба биноҳои баландошёна хизмат мекунад) омодаи хизмат ба мизоҷон буда, дар сурати ба истифода дода шудани қабатҳои дуюму сеюм ба фаъолият шурўъ хоҳад кард. Сохтмончиён бо заҳмати дучанд барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ меҳнати шабонарўзӣ доранд. Ҳамагӣ пас аз чанд муддат кулли сокинони вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он шаҳодатгари ҷои тамошобоб ва таърихию зебо шудани ин мавзеъ хоҳанд гашт.

Гузаргоҳи зеризаминӣ, ки дорои шаш даромадгоҳ аст, баҳри бехатарии шаҳрвандон ба истифода дода шуда, беҳтарин дар кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо расмҳои мавзеъҳои таърихии вилояту ҷумҳурӣ: Қасрҳои фарҳангии ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Айнӣ, корхонаи «Зарафшон», маркази қолинбофии «Шероз», Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, Хатти 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Чойхонаи миллии «Ҳисор», Мактаби президентӣ дар шаҳри Кўлоб, боғи устод Рўдакӣ, эҳёи бозии чавгон ва дигар манзараҳои зебою нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки боиси болидахотирии тамошобинон мегардад.

Директори Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатӣ Илҳом Иномӣ иброз медорад, ки ҳамарўза, махсусан, шомгоҳон, ки чароғҳои гирду атрофи маҷмаа фурўзон гашта, нуру таровати хосаеро ба худ касб мекунанд ва ҷилои тоҷу даврзании ситораҳо чашмрабоянд, ташрифи сокинон ба ин мавзеи таърихиву зебоманзар зиёд мегардад. Зиёда аз ин, майдончаҳои гулу гулзор, фаввораҳои зебо, ҳавои хуш ва табиати нотакрори ин макони таърихӣ дар қалби ҳар нафар ҷой гирифта, боиси истироҳати бофароғати мардум хоҳад гашт.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh