Гулҳо - ҳуснафзои диёри обод

Дар атрофи Маҷмааи фарҳангию истироҳатии «Истиқлол», дар масоҳати 2, 5 га боғ бунёд гардид.

Ободониву кабудизоркунии боғ зиёда аз ду моҳ идома дошта, ба гуфти Абдусалом Шодибеков - муовини аввали омири кулл, ки масъул ва дизайнери ороишоти гулҳост, тарҳи ороиши боғи фарҳангию истироҳатии «Истиқлол»-ро, ки дар ду паҳлўи қадди роҳ воқест, хоса ў ба роҳ мондааст.

А. Шодибеков тайи чанд сол аст, ки бо шинондан ва ороиши гулҳо машғул буда, лоиҳае, ки доир ба ободонии боғ пешниҳод кард, аз ҷониби роҳбарияти вилоят дастгирӣ ёфт. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 100 ҳазор бех гулҳои ороишӣ шинонда шудаанд, ки ҳамаи онҳо мавсимӣ буда, аз ҷумла, намудҳои гуногуни гулҳои петуня, тагес, салвия, вербенаро дар бар мегирад. Дар 2,5 гектар сабзазор бунёд гардида, зиёда аз 800 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.

Тарзи шинонидани гулҳо, аз он ҷумла, ороиши гул бо намуда, ки гўё аз даруни кўза гул рехта истодааст, қадди роҳи ин мавзеъро аҷаб дилчасп намудааст. Дар ободонии ин мавзеъ бо ороиши гулҳо саҳми 45 нафар боғбонону кормандон шоиста аст. Ҳамаи гулҳо навъҳои ватанӣ буда, дар гармхонаи «Баҳористон»-и назди Боғи истироҳативу фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар мавзеи Сомғор парвариш ёфтаанд.

- Агар хаставу бемадор бошам, ба назди гулҳо меоям, аз бўи муаттари онҳо мешамам, қалбам мешукуфад, рўҳу қуввату мадори нав мегирам. Тайи 16 сол аст дар муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, аз субҳ то шом бо меҳру муҳаббат кор мекунам, - гуфт Бисаида Халифаева, корманди муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд.

Маҳмудҷон Ғаниев - корманди муассисаи кабудизоркунӣ низ иброз дошт:

- Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум, ободонии ин мавзеъ аз оғози фасли баҳор сар шуда, аввалан заминро аз сангҳо тоза намуда, ба гулпарварӣ мутобиқ гардонидем.

Гул рамзи дўстӣ, муҳаббат мебошад. Он ҷое, ки гулзор аст, макони ободӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагист. Дар ҳақиқат, мавзеи Маҷмааи фарҳангӣ-истироҳатии «Истиқлол» бо табиати зебо ва нотакрории ҷои роҳатбахши мардум гардидааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Суратгир И.РАБИЗОД

Add comment


Security code
Refresh