Қалами сеҳрноки рассом

Мусаввараи “Бозгашт ба ниёгон” соҳиби сертификати байналхалқӣ гардид

- Маротибаи ҳафтум мешавад, ки худи ҳамин сол азми сафари пойтахти давлати тоҷикон-шаҳри Душанбе дорам. Шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ҳарчанд бо манзараҳои зебою дилфиребаш маро мафтун мекард, аммо фикри вохўрӣ ва ҳамкорӣ намудан бо рассомон ва аҳли эҷоди пойтахт маро ба ваҷд меовард. Чун пешина як мақсад доштам, мехостам дар сафи рассомон ва устодон дўстони зиёде пайдо намоям, ки дар оянда риштаҳои ногусастании дўстиву ҳамкорӣ дошта бошем, - хотироташро иброз медорад, узви Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Русия, узви Федератсияи байналхалқии рассомон, дорандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ҷабборов.

Дар бинои Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Академия, рассоми маъруф ва ходими шинохта Олимхон Рабиев Абдураҳимро хуш қабул карда, наздаш варақеро гузошт ва хоҳиш намуд, ки онро мутолиа кунад. Ин нусхаӯ буд аз қарори Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи мусаввирӣ оид ба баргузории намоишгоҳи байналхалқии рассомон таҳти унвонҳои «Рассом ва сулҳ» ва «Дурдонаҳои Роҳи абрешим», ки дар ҷумҳурӣ бори аввал бояд баргузор мешуд. Ин сарҷамъӣ ва ҳамдилии эҷодкорон тавонист дар атрофи худ мухлисон, дўстдорони санъати тасвирӣ ва меҳмонони хориҷиро ҷалб намояд. Аз рўи талаботи ин намоиш бояд, ки аъзои ҳакамони байналхалқӣ акси асарҳои пешниҳодгардидаро аз рўи низомнома ва талаботи пешбинишуда қабул намоянд. Ду асари рассом Комил Ёдгоров ва ҳамин гуна маҳсули дастони Абдураҳим Ҷабборов аз намояндагии рассомони вилояти Суғд аз ҷониби ҳакамон пазируфта шуда, барои иштирок рухсат гирифт.

Санаи 11-уми ноябри соли 2016 барои Абдураҳим Ҷабборов фаромўшношуданӣ гашт. Суханони пурмўҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани кошонаи санъати тоҷикон рассоми Мониқаламро ҳидоятгар ба зиндагии босаодат шуданд. Дар байни 35 давлати дунё муаррифии Тоҷикистон ба зиммаи ин ду рассом буд. Мутаассифона, Рассоми халқии Тоҷикистон Комил Ёдгоров бинобар нотоб буданаш, натавонист дар намоиш ширкат дошта бошад. Ҳиссиёти ҳаяҷонпазире Абдураҳимро фарогир шуд. Изтиробаш бештар гашт. Акнун ў мебоист дар майдони ҳунар танҳо қувваозмоӣ кунаду кишвари азизашро муаррифӣ.

Асари пешниҳодшудаи рассом чунин мазмун дошт: Фазои тираи солҳои навадуми асри гузашта. Деҳаи Лолазор ба ҷои пур аз лола шудан оғўштаи ҷангу ҷидол, нооромиву нобасомонӣ ва хуну хок буд. Пирамарди солхўрдае назди шоҳбулуте нишаста, бо маконе, ки хуни нофаш рехтааст, хайрухуш мекард. Синну солаш ба ҷое рафтаву бозгашта омаданашро андеша дошт ў. Оё метавонад ба қадамҷое, ки падару бобоёнаш маскан гузидаанд, мадфун шавад? Оё арғунчаки ба шохи дарахт овезон бозпас духтараку писаракони дилҷўро ба канораш мекашида бошад? Оё шохаҳои ин дарахти солдидаву таърихӣ ба ҷои баргу навдаҳои хушкида зебогии пешинаро барқарор мекарда бошад? Оё барояш муяссар мешавад, ки бори дигар дар сояи ин дарахти муқаддас нишаста, даву този кўдакону наврасонро ҳангоми баҳорон тамошо кунаду аз ҳавои тозаю муаттари деҳааш нафас кашад?

Амали рассом диққати аъзои ҳакамонро ба худ кашид. Дар ҳақиқат акс баёнгари шарҳи ҳоли онвақтаи Тоҷикистон буд. Ҳатто рангҳо бо забони гўё ҳарф мезаданд. Ба санъати мониқаламон баҳо додан аз ҷониби тамошобинону ҳайати ҳакамон масъулияти бештареро талаб мекард. Ҳар рассом мехост, ки сазовори мақоми шоиста гардад. Лаҳзаҳои ҳаяҷоновару фаромўшнопазир фаро расиданд. Абдураҳим Ҷабборов дар сафи онҳое, ки амали пешниҳодкардаашон дар қатори беҳтаринҳо номнавис шудаанд, қарор гирифт. Асари «Бозгашт ба ниёгон» сертификати байналхалқиро соҳиб шуд.

Фарзанди оилаи зиёӣ Абдураҳим Ҷабборов, азбаски аз хурдӣ ба санъати тасвирӣ майли бештаре дошт, пас аз хатми мактаби миёна таҳсили хешро дар омўзишгоҳи бадеии рассомии ба номи М.Олимови шаҳри Душанбе оғоз бахшида, соҳиби шаҳодатнома гардид. Пас аз адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили Академияи рассомии шаҳри Санкт-Петербург ва баъди чанде ба курсии донишҷўи Донишгоҳи давлатии технология ва дизайни ин шаҳри таърихӣ нишаст. Дар баробари таҳсил фаъолияти кориро дар иттиҳодияи Фонди бадеии рассомии шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида, то кунун донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ўро ба ҳайси мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ ба хубӣ мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд.

Рассоми Мониқалам, азбаски дўстдори касби худ ва бохабар аз нозукиҳои санъати тасвирӣ аст, иштирок дар намоишҳои ҷумҳуриявию байналхалқии рассомони муосирро шоиста медонад. Ин аст, ки ҳамасола дар намоишҳои рассомони шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Тоснои Федератсияи Русия бо асарҳои оламшумулаш иштирок ва кишвари худро муаррифӣ намуда, соҳиби диплом гардидааст.

Фаъолияти эҷодии Абдураҳим Ҷабборов доманадор буда, диоромаи «Муҳорибаи Темурмалик» дар Осорхонаи таърихии вилоят, панно-релйефи «Ифтихорам, Тоҷикистон» дар Осорхонаи Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров буда, муаллифи асарҳои рассомии китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик», муаллифи ороиши тарабхонаҳои «Тоҷикистон», «Зайтун», «Умари Хайём», «Бухоро», «Сафо», чойхонаи «Хуррамшаҳр»-и шаҳри Данғара, маҷмааи ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд, Қасрҳои фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Айнӣ, аз нав бунёдсозии Қасри фарҳангии Арбоб ва чойхонаи он мебошад. Агар вориди ин қасри бошукўҳи таърихӣ, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ дар он баргузор гардидааст, шуда бошед, барҳақ ба сўи асари бузург таҳти унвони «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» бо симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дида медўзед. Ин амали рассом Абдураҳим буда, бо маҳорати баланди эҷодӣ офарида шудааст. Ҳамчунин, ў роҳбари бадеии ороиши «Наврўз аз нигоҳи кўдакон» дар Қасри Арбоб, «Наврўзи Аҷам» ва «Баҳори Исфара» буда, аксари корҳои ороишӣ ва дизайнериро бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расондааст.

Ҷонишини раиси бахши Академияи мусаввирии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдураҳим Ҷабборов имрўзҳо серкору серташвиш аст. Таҷлили ҷашнҳои бузурги кишвар - 20-солагии Ваҳдати миллӣ, солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ ўро барои расидан ба зинаҳои баланди камолоти эҷодӣ ҳидоятгар аст. Тавассути асарҳои офаридаву қалами сеҳрнокаш тўҳфаи худро ба ҳамагон пешкаш карданист. Дар ин ҷода барояш барор хоҳонем.

Шоира САЛИМОВА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh