Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд”.

Маҳз, бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд ва сокинон саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегар-данд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо тамоми намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди соҳаҳои гуногун ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд. Ҳамасола баргузор шудани озмуни «Хомаи созанда» ва тақдиронидани рӯзнома-нигорон барои нигориши матолиби муҳим ва баррасии масоили доғи рӯз аз воқеияти ин ҳамкориҳои босамар дарак медиҳад.

Итминони комил дорам, ки кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят минбаъд низ барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақоми кишвари азиза- мон - Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созан- дагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳои рӯзгори мардуми вилоят саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли қаламкашони вилоятро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон хонаи обод ва тансиҳативу хотирҷамъӣ, қалами бурро ва илҳоми саршор таманно дорам.

Add comment


Security code
Refresh