Арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор
- Details
- Published on Wednesday, 04 January 2017 15:21
Дар ҳаёти ҷамъиятии давлати тозаистиқлоли мо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва фарзандони фарзонаи миллат, ки бобати озодиву шукуфоии халқ талошу ҷонбозиҳо кардаанд, таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар заминаи чунин иқдомҳои шоиста дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ силсилаи чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ташкилу баргузории моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» аз қисматҳои муҳими ин қабил иқдомҳои наҷиб ба ҳисоб меравад. Чорабиниҳо тибқи нақшаи кории лоиҳаи моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» аз 8-уми январи соли 2016 ҷараён гирифта, ҳадафи он шинос намудани донишҷўён бо ҳаёт ва фаъолияти симоҳои барҷаста, инсонҳое мебошад, ки дар марҳилаҳои муҳиму ҳассоси таърихи миллат барои муаррифӣ ва пойдории он талош варзидаанд.
То ин дам аҳли донишгоҳ бо баргузории моҳномаҳо бо кору пайкори Қаҳрамонони Тоҷикистон – сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вассофи сулҳу дўстӣ, шоири шўҳратёр Мирзо Турсунзода бори дигар аз наздик шинос гардиданд. Моҳи декабри соли 2016 моҳномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид ва ташкили конференсияи илмӣ ҷамъбасти мантиқии он маҳсуб меёфт.
Конференсияи илмӣ санаи 27-уми декабри соли 2016 дар толори маҷлиси бинои дуюми таълимӣ ҷараён гирифт. Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А. Орифов конференсияи илмиро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар назди ҳозирин ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷ.Ҷўразода дар мавзўи «Моҳномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон ёдкарди корномаи фарзандони фарзонаи миллат», мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷ. Исомитдинов дар мавзўи «Нусратулло Махсум ва саҳифаҳои тақдирсози миллати тоҷик», мудири шўъбаи табъу нашр, дотсент И. Раҳимов дар мавзўи «Назаре ба ҳаёту корномаҳои Қаҳрамони
Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур», доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Сайфуллоев дар мавзўи «Зиндагиномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон – ибрати насли фардои миллат» суханронӣ намуданд.
Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар маърўзаҳои устодон таъкид гардид, дарки моҳияти Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ҷавонон, гиромидошт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, боло бурдани маънавият ва шуури миллӣ, ифтихори Ватану ватандорӣ, тамаддун, забони модарӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат буд.
Садоқат Шарифова,
мутахассиси шўъбаи таҳлил
ва робита бо ҷомеа