Нишасти навбатии “Ганҷи сухан” ба Рӯзи Парчам бахшида шуд

Бахшида ба Рӯзи Парчам ва солгарди мавлуди асосогузори маҳфил, донишманди маъруфи тоҷик шодравон Абдулманнон Насриддин дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки донишмандани маъруф, адибони номвар, омӯзгорон, донишҷӯён ва афроди суханпарвару фарҳангдӯст нишасти 145-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.

Сараввал бо чанд  паёми фараҳбахш масъули маҳфил, номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ба нишасти навбатӣ ифтитоҳ бахшид. Мавсуф баргузории конференсияи  байналмилалии  “Камоли Хуҷандӣ ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити  адабӣ”-ро, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии вилоят таъсири бузурге расонид аз дастовардҳои илми тоҷик хонд. Дар партави ин ҷашнҳои бузург дарҷи китоби Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор”  барои олимону адибон ва кулли мардуми тоҷик армуғони бузурги идона маҳсуб мешавад. Саидумрон Саидов илова кард, ки вобаста ба ин ҷашну маъракаҳои фараҳбахш маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” низ армуғонҳои худро барои аҳли илму адаб пешниҳод кард. Аз ҷумла шумораи аввалини фаслномаи “Ганҷи сухан” интишор шуд, ки минбаъд дар инъикоси осори илмиву адабӣ ва фарҳангӣ саҳми худро мегузорад. Ҳамчунин як китоби нав дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати  Тоҷикистон таҳти унвони “Хваканта –Хуҷанд” нашр гардид, ки мақолаҳои илмиву публистистиро дар бораи таърих ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд фаро мегирад.

Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ баромад карда, дар мавриди фазои илмиву адабии имрӯза ва таъсири маҳфили “Ганҷи сухан” ба ин раванд изҳори назар намуд. Таҳти унвони ”Чароғи рӯшани илму адаб” мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои филология, дотсент Тоҷибой Султонзода баромад карда, паёми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳозирин расонид.

Китобҳои тозанашрро дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ” муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Башорат Алиева муаррифӣ кард. Ба ҳозирин  маърӯзаи мудири  шӯъбаи табъу нашри ДДҲБСТ, номзади илмҳои филология, дотсент Ислом Раҳимов бахшида ба Рӯзи Парчам, “Аз Дирафши Каён то Парчами Тоҷикистон” писанд омад. Ӯ дар маърӯзааш оид ба таърихи пайдоиши парчам, мазмун ва мундариҷаи он дар даврони мухталиф, моҳияти парчам, назари олимон дар бораи ин муқаддасот муфассал суханронӣ карда, ба ҳозирин санаду далелҳои нави таърихиро баён кард.

Дар маърӯзаи хеш номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалимҷон Зоиров “Назаре ба“Куллиёти осор”- и устод  Абдулманнон Насриддин  дар бораи  фаъолияти илмии собиқ мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, поягузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, доктори илмҳои филология, профессор шодравон Абдулманнони Насриддин сухан кард. Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи устод Абдулманнони Насриддин сӯҳбати муассире намуда, бо ашъори ба эшон бахшидаи хеш дар дилҳои ҳозирин эҳсоси муҳаббату садоқатро бедор кард. Доктори илмҳои филология, профессор Фахриддин Насриддинов аз ҳамкорону дӯстон ва шогирдони падари хеш изҳори сипомандӣ намуд ва гуфт, ки хидмат ба илм рисолати азалии мост ва мо идомабахши кори падари хеш ҳастем. Шоира Гулноз шеъре дар васфи устод қироат кард ва шогирдони факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба он идома бахшиданд.

Дар маҳфил меҳмони арҷманд аз шаҳри Душанбе, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов баромад намуда, иттилоъ дод, ки китоби шашҷилдаи “Шашмақом” ва “Фарҳанги истилоҳоти “Шашмақом”  интишор гардид, ки аз падидаҳои ҷолиби фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар поёни маҳфилҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маърӯзачиён ва фаъолони маҳфил супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh