Ҷилои ҳунари мардуми Суғд

Ҳунари волои атласу адрасбофӣ дар шаҳрҳои қадимаи мардуми тоҷик, хусусан дар вилояти Суғд таърихи хело қадим дошта, аз авлод ба авлод ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2016»  рӯзи 29 октябри соли равон дар бинои Кохи фарҳанги “Суғд” баргузор гардид. Дар саҳни Кохи фарҳанг духтарони атласпӯши хуҷандӣ адраси зебои бо эъҷози дастонашон бофташударо ба намоиш гузошта буданд.  Таҳти навои мусиқии форам духтарони адраспӯш тасмаи бузурги адрасӣ дар дастон ба саҳна баромаданд. Ҷилои рангҳо дар  саҳна ба чашми бинанда онро ҷилвагар сохт, ки гӯё бастаи бузурги кушодашудаи адрас дар дастони духтарони зебову атласу адраспӯш ба рақс даромада бошад. Чашми бинанда аз ин ангеза ва ҷилои рангҳои зебо «хира» мешуд. Оре, коргардони ин намоиш тавре онро ба саҳна гузошта, ки бинанда ба ҳунари волои мардуми Суғд сари таъзим фуруд меовард.

Зинда гардонидан ва барқарор сохтани ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик яке аз нақшаҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Сарвари он, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳар як вохӯриашон бо мардуми тоҷик Пешвои миллат ин нуктаро таъкид мекунанд, ки  суннатҳои мардумӣ  ҳатман бояд барқарор карда шаванд. Ҳунари волои атласу адрасбофӣ дар шаҳрҳои қадимаи мардуми тоҷик, хусусан дар вилояти Суғд таърихи хело қадим дошта, аз авлод ба авлод ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст. Дастгоҳҳои бофандагӣ, қариб дар аксари хонадони мардуми тоҷик вуҷуд дошт. ҳар як бонуи ин минтақаи Тоҷикистон дар баробари кору бори зиндагии рӯзмарраашон касби хуби дастмузд низ доштанд. Онҳо атласу адрас мебофтанд ва аз он дастмояи хубе ҳам пайдо менамуданд. Мутаассифона, дар солҳои 50-60-ум бо қарори ҳукумати онвақтаи шӯравӣ ва инкишоф додани соҳаи пахтакорӣ ва таъмин намудани корхонаҳои бузурги бофандагӣ бо ашёи хом, хусусан, нахи пахта тамоми дастгоҳҳои бофандагӣ мусодира ва нест карда шуданд. Барои пинҳон доштани дастгоҳҳо ҷазо низ дода мешуд. Мардум дигар натавонистанд, ки ҳунари аҷдодии худро давом диҳанд. Дар тайи солиёни  зиёд ин матои зебои тоҷикӣ ҳусну тароват ва рисолати худро қариб ки гум карда буд. Мардуми тоҷик фирефтаи матою тикаҳои рангоранги бегона гардиданд. Дигар касе андешаи онро намекард, ки гузаштагонаш аз кадом матоъ либос медӯхтанд ва мепӯшиданд. Ҳама талоши фарҳангу либосу матои бегонагон мекарданд. Атласи зебои тоҷикӣ дигар либоси асосии зану духтари тоҷик набуд. Як муддат он либоси кории пешхизматони  ошхонаву тарабхонаҳо гашт, хусусан дар шаҳри Душанбе. Дар сӯҳбате як меҳмони хориҷӣ гуфт, ки чаро аз ин матои зебо занону духтарони тоҷик барои худ либос намедӯзанд. Ин хело зебост-ку? 

Фестивали атласу адрас дар шаҳри Хуҷанд нишон дод ва собит сохт, ки зану духтари тоҷикро аз ҳама бештар либосе, ки аз ҳамин матоъ дӯхта шудааст, бештар зиннат медиҳад. Имрӯз ин ҳунари аҷдодӣ танҳо дар вилояти Суғд боқӣ мондааст. Новобаста ба он ки ин ҳунарро қариб нест карда буданд, аммо хонадонҳои косиб дар вилояти Суғд ва водии Фарғона онро аз нобудшавӣ ҳифз намуданд.

Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ корхонаҳои бузурги атласбофӣ сохта шуда буд, ки яке аз ин корхонаҳо дар вилояти Суғд қисман фаъол аст, аммо маҳсулоти ин корхона он матое, ки бо сифати баланд бо даст бофта мешавад, иваз карда наметавонад. Талаботи мардум ба ин навъи матоъ хело ҳам зиёд мебошад. Рушд ва ривоҷи ин ҳунари дастии мардум боиси он мегардад, ки зану духтари тоҷик дар баробари иҷрои тамоми кору бори рӯзгори рӯзмаррааш соҳиби пасандози шахсии худаш низ бошад. Бисёр мушкилоти зиндагиашро худаш аз ҳамин ҳисоб саришта карда метавонад. Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар сӯҳбат бо меҳмонони хориҷӣ, маҳз ҳамин нуктаро таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии мо аз эҳёи ин ҳунарҳо бо кори фоиданок таъмин намудани занону духтарони тоҷик мебошад. Ба хотири рушд ва инкишоф додани ин ҳунар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Роҳбарияти вилояти Суғд ҳама вақт кӯмаки беғаразонаи худро расонда истодааст. Дар ҳудуди вилоят курсҳои зиёди касбомӯзӣ ташкил карда шудааст, ки дар ин курсҳо ба занону духтарон устоҳои чирадаст ин ҳунарҳоро меомӯзанд. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки Пешвои миллат дар тамоми сафарҳо ва вохӯриҳояшон бо мардуми кишвар мавзӯи бо кор таъмин намудани занону духтарони тоҷики хонанишинро дар мадди аввал гузошта, таъсиси марказҳоро барои бонувон дар ҳама манотиқи кишвар тавсия медиҳанд. Корхонаҳои хурди бофандагии атласу адрас ва қолинҳои дастиро ҳатман бояд инкишоф дод. Агар, аз як тараф, сохтани дастгоҳҳои бофандагӣ бо усули бобоӣ ё ин ки аҷдодӣ исрофи зиёди маводи хомро кам кунад, аз тарафи дигар, аз лиҳози экологӣ барои муҳити атроф зараре низ намерасонад.

Дар озмун-фестивали дар шаҳри Хуҷанд гузашта тарроҳони зиёди хуҷандӣ маҳсули дасту тахайюли эҷодии ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд. Онҳо барои занону духтарони тоҷик аз либоси кӯдакона сар карда, то либосҳои расмиро ба намоиш гузоштанд. Бо намунаҳои гуногуни атласу адрас духтарони зебои хуҷандӣ ба саҳна баромаданд. Ҷилои рангҳо, либосҳо ва чеҳраҳои зебои гулдухтарони Хуҷанд як саҳнаи афсонавиеро ҷилвагар месохт, ки бештари тамошогарон худро дар олами афсона тасаввур мекарданд. Меҳмони мисрӣ намоишро олами афсона гуфт. Фестивал аз рӯйи барнома гузаронида шуд. Дар барномаи фестивал намоиши «Либосҳои қадима», «Либосҳои рӯзмарра», «Либосҳои расмии бонувон», «Либосҳои идона» ва ғайра дар зери навои мусиқӣ  ва бо иштироки ҳунармандони мумтози хуҷандӣ  Олим Воҳидов, Толиб Исмоилов, гурӯҳи дойранавозони коллеҷи санъат, ансамбли фолклории ноҳияи Ашт, ансамбли рақсии «Зебо» гузаронида шуд.

Дар ҳамоиши Наврӯзи байналмилалӣ, ки таҷлили он бевосита бо дастури Пешвои миллат сурат гирифта буд, шаҳри Душанбе пурра гулпӯш буд ва тамоми занону духтарони тоҷик атласпӯшу адраспӯш буданд, ки қалбҳои меҳмонони ҷашнро  тасхир карда буд. Бештари меҳмонон маҳз ҳамин  нуктаро борҳо таъкид карданд, ки миллати тоҷик табиатан  зебост. Зебоии онро ин матои миллиаш боз зеботар кардааст. Дар аксари хотироташон дар кишварҳояшон маҳз ҳамин зебоии Наврӯзи Тоҷикистонро навиштаанд ва дар васоити ахбори умуми кишварҳояшон онро таблиғ намуда буданд. Тарроҳони чирадасти хуҷандӣ собит сохтанд, ки ин либос либоси арӯсӣ, хонагӣ, мактабӣ,  расмӣ ва асрӣ шуда метавонад. Аз адрас на ин ки барои занону духтарон, балки барои мардҳо низ либосҳои хуб бо мудели замони имрӯза дӯхта мешавад. Ин либосҳоро метавон дар ҷашнҳо ва дигар маросимҳо истифода бурд.

Ин суннати миллиро маҳз дар ҳамин замони гардиши бузурги фикрӣ ва тамаддунӣ, пеш аз ҳама, бояд инкишоф дод ва таблиғ намуд. Забон ва суннатҳои миллӣ метавонанд, ҳувияти миллиро нигоҳ доранд ва миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Барои ҳаматарафа ҳифз намудани ин суннатҳо зарур аст, ки рамзи умумии миллиро интихоб намуд. Оё бад аст, ки мардуми Туркманистон асолати миллии худро хуб нигоҳ доштанд. Меҳмонони хориҷие, ки дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба таҷлили ҷашни дар пешистодаи 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар рӯзҳои Фестивал дар шаҳри Хуҷанд ташриф доштанд ва бо даъвати Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар Фестивал ширкат варзиданд, баҳои баландтаринро ба ин фестивали бошукӯҳ доданд. Эшон қайд намуданд, ки либосеро бо ин зебоӣ ва таровату рангорангӣ дигар тасаввур карда наметавонанд. Чаро занону духтарони тоҷик онро дарк намекунанд, ки либосе, ки аз нахи тозаи пахтаву пилла таҳия шудааст, беҳтар аст аз тикаҳои рангоранги маснуъӣ ва пӯшидани либос аз чунин тикаҳои рангоранги сергул хоси мардуми лӯлӣ буд ва имрӯз низ мебошад. Имрӯз дастгоҳҳои тикабофии Чину ҳинду Покистон тикаҳои рангоранги нафтиро барои мардуми тоҷик бофта мефиристанд ва мардуми тоҷик онҳоро харидорӣ намуда мепӯшанд. Чаро аз он даст накашем? Чаро мо рӯй ба мероси аслии худ ва ба асли худ нагардонем? Чаро мо дар мактабҳо онро ҳамчун либоси мактабӣ қабул накунем? Оё ин зиёне дорад? Мактаби миллӣ бояд ҳаматарафа ҷавобгӯйи онро дошта бошад. Тақлид ба ғарбиён ин нобуд сохтани суннатҳои миллист. Барои интихоби модели ягонаи либосҳои расмӣ ва мактабӣ бо матоъҳои маҳаллӣ ҳамаи тарроҳони беҳтарини шаҳрҳои бузурги кишварро бояд ҷалб сохт ва беҳтарин намунаи онро барои муҳокимаи умум гузошт ва назари мардуми шарифи кишварро дар ин замина низ бояд ба эътибор гирифт. Ин амри хайр, агар аз як тараф, миллат ва асолати миллиро нигоҳ дорад, аз тарафи дигар саноати сабук ва дастии  мардумиро инкишоф дода, ҳазорон зану духтари тоҷик соҳибкасбу соҳиби музду маош мегарданд. Ин ҳунар бештар дар манотиқи мухталифи кишвар паҳн хоҳад шуд. Фестивали зебои атласу адрас барои ман, ки ҳамчун меҳмон дар он ширкат варзида будам, хотирмон буда, ба созмондиҳандагони ин намоиши хело зебо арзи сипос намуда, умеди онро дорам, ки ин ҳунари суннатии мардуми тоҷикро боз бештар инкишоф дода, онро то сатҳи умумиҷумҳуриявӣ бурда расонанд. То ин ки рӯзе нашавад, ки онро дигарон аз худ намоянд.

Нашавад, ки ин намуди матои миллӣ, ки ба ҳазорсолаҳои тамаддуни мардуми тоҷик алоқаманд аст, дигарон онро расман моли худ ҳисоб кунанд…

Сайидхоҷа АЛИЗОДА,
мудири шӯъбаи матншиносӣ,
таҳқиқ ва нашри мероси хаттии
Институти забон, адабиёт,
шарқшиносӣ ва мероси хаттии
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh