Зуҳури касбҳои аҷдодӣ дар манотиқи кишвар

Дар асри ХХ Хуҷанд яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Осорхонаҳои машҳури тамоми дунё имрӯз зиёда аз 90 хели матоъҳои гуногуни Осиёи Марказиро, ки бо номи абраи Суғд машҳуранду бештари онҳо дар Суғди бостон истеҳсол мешуданд, нигоҳдорӣ менамоянд. Оғоз аз асрҳои Х то ХХ дар Осиёи Марказӣ санъати шоҳибофӣ ба авҷи баланди худ расида, матои атлас, ки аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои “матои бонақш”-ро дошт, машҳури оламиён гардид. Дар масири таърих халқи шарафманди вилояти Суғд бо дарки баланди масъулият ва зебоиофарӣ матоъҳои атласу адрас мебофтанду пешкаши харидорони зиёд мегардонданд.

Ин иқдом чанд сол қабл бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ эҳё гардида, ҳунармандони зиёдеро ба ҳам овард. Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар баҳри рушди ҳунарҳои ниёгон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ иқдомҳои шоиста рӯи кор омада, зиёдшавии шумораи марказҳои таълимӣ боиси бо шуғли доимӣ фарогир шудани занону духтарони хонашин гардид. Дар зиёда аз 150 адад маркази таълимӣ 500 дӯкони адрасбофӣ гузошта шуда, занону духтарони ҳунарманд машғули кори доимианд. Имрӯзҳо пешаи адрасбофӣ то андозае рушд ёфтааст, ки ҳатто ихлосмандони ҷумҳуриҳои бародар ва ба мо наздик аз он баҳра мебардоранд. Дар ин замина ба наздикӣ намояндагони вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бобати шиносоӣ аз рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар сарзамини суғдиён ба вилояти Суғд омада, бо фаъолияти коргоҳҳои адрасу атласбофӣ бевосита аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон нахуст аз Маркази таълимию истеҳсолии «Озода»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварда, дар бобати пайдо намудани огаҳӣ аз ҳунари адрасбофӣ бо ҳунармандони ин коргоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд. Инчунин, ҳайати меҳмонон аз марказҳои таълимӣ-истеҳсолии «Куруш» ва «Ориёно»-и ноҳияи Спитамен, «Шероз» ва «Савр»-и шаҳри Хуҷанд, «Лаби ҳавзча» , «Дугонаҳо» ва «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров дидан намуда, бо рафти истеҳсоли матоъҳои пахтагиву абрешимии атласу адрас аз наздик шинос шуданд. Идораи рӯзнома тасмим гирифт, ки таассуроти меҳмононро бобати сафарашон ба вилоят манзури хонандагон гардонад.

Бақо Ҳотамов-сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Вобаста ба иҷрои банди 24-уми қарори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 11 дар бобати рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути баргузор намудани сафарҳои омӯзишӣ ва аз ҳунармандони вилояти Суғд омӯхтани маҳорати чунин касбҳо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки ҳамкориро ба роҳ монанд. Рафтуомади намояндагони минтақаҳо барои тақвият додани ҳамкориҳо, фазои корӣ пайдо кардани соҳибкорон, дастгирӣ ҷиҳати рушди анъанаҳои миллӣ, бахусус ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла адрасу атласбофӣ таъсири ҷиддии худро мерасонад. Албатта, то ин дам давра ба давра аз ҷониби минтақаҳои ҷануби кишвар, бахусус вилояти Хатлон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар коргоҳи «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд занону духтарон ин ҳунарро аз бар карданд. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ин сафари намояндагон аввалу охир набуда, рафтуомадро бештар мегардонанд ва мутахассисони соҳибкасби адрасбофӣ ба занону духтарони хонанишини вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар манотиқи кишвар ин касбро меомӯзанд. Умед дорем, ки даъвати ҳамкоронро ҳунармандон ба хушӣ қабул карда, ба минтақаҳои ҷануб ташриф меоваранд ва аз нозукиҳои касби пешакардаашон соҳибхоназанҳои он манотиқро низ бохабар хоҳанд кард.

Гул Халифаева - мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод: - Бори аввал аст, ки ба вилояти Суғд омадам. Мақсади ташрифи мо дар он буд, ки нахуст бо фарҳангу маданияти ин сарзамин ошно гардида, дар ин замина омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қолинбофиву сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофиро аз ин ҳунармандон омӯзем. Шуғли асосии занону духтарони файзободӣ асосан сабадбофию кулолгарӣ буда, аҳён-аҳён попукзаниву гулдӯзӣ ва зарзанӣ ба назар мерасад. Чун огоҳ гаштем, ки суғдиён ба ҳунари аҷдодӣ-адрасу атласбофӣ рӯ овардаанду бо эҳё кардани ин ҳунар барои худ шуғли доимӣ дарёфтаанд, хостем, аз нозукиҳои ин пеша бохабар шавем. Хушбахтона, давоми чанд рӯзе, ки бо ҳунармандони марказҳои таълимиву истеҳсолии атласу адрасбофии «Озода», «Куруш», «Ориён», «Шероз», «Савр», «Арбоб», «Лаби ҳавзча» ва «Сирдарё»-и шаҳру навоҳии вилоят аз наздик ошно гардидем, беихтиёр дар қалбам эҳсоси зебоиофарӣ ва худогоҳии миллӣ боло гирифт. Тасмим гирифтем, ки албатта, бо ҳунармандони адрасбоф ҳамкориро ба роҳ монда, занону духтарони файзободиро ҳунари қадима омӯзонем.

Махсуддин Қодирзода-муовини раиси ноҳияи Ховалинг: -  Агар гӯем, ки маҳсули дастони сеҳрофари мардуми вилояти Суғд, ки бароямон пешкаш намуданд, беҳтарини беҳтаринҳо буд, хато нахоҳем кард. Зеро дар намоишгоҳҳо аз қуроқдӯзиву сӯзанидӯзӣ, гулдӯзиву зарзанӣ, мӯҳрадӯзиву бозичаҳои дастисохт то матоъҳои атласу адрас он қадар зебо гузошта шуда буданд, ки чашмрабо ба назар мерасиданд. Ҷилои матоъҳои тавассути дастгоҳи бофандагӣ бофташуда тани занону духтаронро зебанда буду шеъру сурудхонии онҳо ҳунармандони асилро мемонд. Бешак, ҳунармандзанони ин сарзамин сазовори таҳсину офаринанд. Огоҳии мо дар бобати фаъолияти маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и маҳаллаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров басо хотирмон буд. Дар маркази мазкур 20 дастгоҳи бофандагӣ насб, 20 нафар адрасбофи соҳибкасб ба кор ҷалб ва инчунин шогирдони зиёде аз ҳисоби ҷавонзанони хонашин ва духтарон барои омӯзиши касби адрасбофӣ даъват карда шудаанд. Фаъолияти 8 нафари дигар, ки бо омодасозии ашёи хом машғуланд, хеле назаррас буда, тасмим гирифтем, ки бо онҳо шартномаи ҳамкориро ба роҳ хоҳем монд.

Кенҷамоҳ Маҷидова-муовини раиси шаҳри Кӯлоб: - Албатта, барои он нафаре, ки бори аввал сари дастгоҳи адрасбофӣ менишинад, эҳсосоти ҳаяҷоноваре падид меояд. Сари дастгоҳи адрасбофии Маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров нишаставу аз нозукиҳои ҳунари матоъбофӣ огоҳӣ пайдо намуда, тасмим гирифтам, ки ҳарчи зудтар занону духтарони Кӯлобшаҳр низ бояд омӯзиши ин касб намоянд. Зеро дар баробари пайдо намудани шуғли доимӣ барои худ метавонанд, таъмингари эҳтиёҷоти оилавӣ низ бошанд. Ҳарчанд адрасбофиро касби душвор дарёфтам, аммо бе меҳнат роҳат ба даст нахоҳад омад. Огоҳ шудам, ки адрасро аз нахи пахта тайёр мекунанду аз он 7 намуди ресмон ресида мешавад. Аввал тор мекашанду қат карда, гул мебанданд. Нақшбандии адрас бо ҳамаи ҳафт намуди ресмон сурат мегираду дар дастгоҳ ду намуди сӯрохӣ-теғ ва гула бояд мавҷуд бошад. Аз теғу гула гузарондану ба бофтан тайёр кардани ресмони хушкшударо на ҳар кас иҷро карда метавонад. Бо вуҷуди он хоҳем омӯхт, зеро ин касбро шавқовар дарёфтам.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh