Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат маҳсуб ёфта, дар мамлакати мо ҳар сол санаи 24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил мегардад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поении давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.

Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд:

«Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад». Аз ин рӯ, бояд ҳамеша саъю талош варзем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Бо чунин ниятҳои нек кули мардуми вилоятро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд таманно менамоям.

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Add comment


Security code
Refresh