Рамзи давлатдорӣ ва ҷовидонии миллат


Бисту панҷ сол аст, ки дар ҳар кадом як гўшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд. Бемуҳобот ин рамзи ҷовидонии миллат ва давлат мебошад.

Дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд.

Дирафши Ковиёнӣ, ки бо номҳои Дирафши Ковиён, Алами Фаредун, Ахтари Ковиёнӣ низ маъруф буд, дирафши таърихии мардуми тоҷику форс аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён ба ҳисоб рафта, ба ишораи муаррихон, як миллион сиккаи тилло арзиш дошт.

Тибқи асотир, Коваи диловар пас аз саркўб кардани Заҳҳок Фаредунро бар тахти шоҳӣ менишонад. Фаредун баъди соҳиби тахту тоҷ гардидан фармон медиҳад, ки пешдомани чармии Коваро бо дебоҳои зарду сурх, бунафш ва зару гавҳар ороиш дода, онро дирафши шоҳӣ хонанд. Дар бораи дирафши Ковиёнӣ муаллифи «Таърихи Табарӣ» маълумот дода, таъкид мекунад, ки он 12 арш ва ба ҳисоби имрўзӣ тақрибан панҷ метр бар ва ҳафт метр дарозӣ доштааст. Муаррихи дигар Ибни Халдун дорои ситора будани дирафши мазкурро таъкид карда, аз вуҷуди ақидае хабар медиҳад, ки мувофиқи он ҳар шоҳе, ки соҳиби Дирафши Ковиёнӣ мешуд, шикастнопазир буд.

Ин дирафш пас аз ҳуҷуми арабҳо дар замони ҷанги Қодисия ба дасти Зирор ибни Китоб афтод. Ў дирафшро, ки он вақт гуфта мешуд, то ду миллион динор арзиш дошт, ба сӣ ҳазор динор фурўхт. Чун онро ба назди халифа Умар ибни Хаттоб бурданд, ў аз бисёрии гавҳару марвориде, ки ба дирафш овехта шуда буд, дар ҳайрат афтод.

Яъқуби Лайси Саффорӣ ҳангоми муқовимати худ зидди хонадони Аббосӣ дар шеъре, ки ба унвони халифаи Аббосӣ фиристода буд, дирафши Ковиёниро рамзи пирўзӣ ва ифтихори мардуми ориёинаҷод арзёбӣ карда, менависад: «Дирафши Ковиёнӣ ҳамроҳи ман аст ва умедворам, ки зери ливои он бар миллатҳо ҳукумат кунам».

Бояд гуфт, ки Дирафши Ковиёнӣ то имрўз рамзи давлатдории мардуми моро ифода мекунад, зеро он муборизаи Коваи оҳангар бар зидди зулму ситам (Заҳҳоки морон)-ро дар худ инъикос намудааст.

Яке аз тўлонитарин замонҳо барои парчам ба замони Ҳахоманишиён пайванд дорад. Ба эҳтимоли зиёди муаррихон дар парчами даврони Ҳахоманишӣ тасвири уқоби болдор бо парҳои кушода ва қурси хуршед дар пушти сари уқоб тасвир шудааст.

Дар замони Ашкониён парчаме истифода мешуд, ки дар он хуршед акс ёфта буд. Ҳамчунин, дастаҳои ҳазортоии артиши ашконӣ дорои парчамҳои абрешимӣ буданд, ки тасвири аҷдаҳо доштанд.

Дар катибаҳои сангии даврони сосонӣ нақши чор парчамро мушоҳида кардан мумкин аст: яке марбут ба замони Шопури дуюм дар Бесутун буда, шаклан кушода  тасвир нашудааст ва се парчами дигар дар нақши Рустам ҳаккокӣ шудааст.

Ба ишораи сарчашмаҳо, қаҳрамонони миллии мардуми форс Абўмуслими Хуросонӣ ва Бобаки Хуррамдин низ соҳиби парчамҳои хосе будаанд. Тарафдорони Абўмуслимро ба эътибори ранги парчамашон Сиёҳҷомагон ва ҷонибдорони Бобаки Хуррамдинро вобаста ба ранги парчамашон Сурхҷомагон меномиданд.

Ҳамин тариқ, вуҷуди парчамҳои гуногуни гузаштагони мо баёнгари он аст, ки парчамдорӣ нишони соҳибдавлатии мардуми куҳанбунёди мо мебошад, зеро халқи тоҷик аз замонҳои дури таърихӣ соҳиби тамаддун, фарҳанг ва маданияти оламшумул буда, дар байни ақвоми олам ҷойгоҳи шоиста доштааст.

Бояд гуфт, ки дар солҳои 1929-1992 Тоҷикистон соҳиби парчамҳои гуногун будааст. Нахустин парчами Тоҷикистон 23 феврали соли 1929, пас аз ҷумҳурии мустақил шудани кишвар пазируфта шудааст.

25 феврали соли 1931 бо қабул шудани Қонуни асосии кишвар парчами он низ дигар шуда, то соли 1935 мавриди истифода қарор мегирад.

4 июли соли 1935 парчам дигар шуд. Номи ҷумҳуриро дар парчам бо хатҳои зарҳалии лотинӣ ва русӣ навиштанд ва дар болои он нишони досу болғаро нигоштанд.

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ мубаддал гардида, парчам низ тағйир ёфт. Номи ҷумҳурӣ бо хати кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва русӣ (Тадҷикская ССР) навишта шуд. Дар болои он нишони заррини досу болға қарор дошт.

20 марти соли 1953 навиштаҷот аз рўи парчам бардошта шуд, ба досу болға ситора илова гардид, акнун он порчаи сурхе буд, ки рахҳои сафеду сабз дошт. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ ва ранги сабз нишони маҳсулоти кишоварзиро ифода мекард. Ин парчам то 9 сентябри соли 1991 мавриди истифода қарор дошт.

Солҳои 1991-1992 Тоҷикистон парчами шўравиро  бо андаке дигаргунӣ (бидуни ситораи панҷгўша ва досу болға) истифода менамуд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурўъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳам-замон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Зеро рамзҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд. Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил гардид. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва ҷойи ин рамзи муқаддаси миллат ва давлат хеле возеҳ ва равшан дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ муайян карда шудааст. Дар моддаи 3-юми Конститутсия омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Парчами мо дорои се ранг - сурх, сафед, сабз мебошад ва ҳар як ранг ва нишонаш мазмуни баланд дорад. Ранги сурх мубориза ва ҷоннисориҳои халқро баҳри озодӣ ва истиқлолият нишон медиҳад. Махсусияти ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, шири поки модар, виҷдону дили пок, имони комил ва беғуборӣ, рамзи осоиштагиву сулҳ, имрўзу ояндаи дурахшони мост. Ин ранг ҳамчунин бахту иқболи сафед ва покии виҷдонро ифода мекунад.

Ранги сабз саъю кўшиши сокинони кишвар барои сарсабзу хуррам гардонидани Ватанро мефаҳмонад. Он чун рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, толеи баланд, баҳор, Наврўз, файзу баракат, ҷавонӣ ва зебоӣ мебошад.

Ранги сурх рамзи дониш, таърих, фатҳу нусрат, субҳи дилоро, ифтихор, сурхрўӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин ранг ифодагари рамзи парчами Коваи оҳангар низ мебошад, ки аз чарми сурх буд. Нишони тоҷи  заррини мобайнӣ соҳибистиқлолӣ, тоҷдорӣ ва доштани тамаддуни бойи илмиву фарҳангӣ ва куҳанбунёдии миллатро таҷассум менамояд. Рўи ранги сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. 

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки бо Қонуни махсус тасдиқ шудааст, ҷой, макон, вақти афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст, ки риоя ва тартиби он барои ҳамагон воҷиб аст.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар суханрониашон бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 24-уми ноябр Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Пешвои миллат чунин тазаккур дода буданд: «Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандўсту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, ки рўзи 24 ноябр Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад». Аз ин ҷост, ки мо ҳамасола  ин рўзро ҷашн мегирем.

Тасвири Парчами давлатии Тоҷикистон вобаста ба андозааш бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тибқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, инъикос ёфта буд.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлўи амудиаш 0,8 ва паҳлўи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгўша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 муқаррар мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамояд. Он яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэҳтиромӣ зоҳир намудан мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҳолатҳо ва ҷойҳои махсуси дар қонун пешбинишуда афрохта мешавад.

Тибқи Низомнома Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: - дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) - доимӣ; -дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо гузаронда мешаванд - дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис; - дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ - дар рўзҳои ид ва рўзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст; - дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, - мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - дар биноҳои раъйдиҳӣ дар рўзҳои интихобот ва раъйпурсӣ; дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ; -дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.

Боиси ифтихор аст, рўзи 30 августи соли 2011, дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд. Дарозии Парчам 60 ва бари он 30 метр буда, аз тамоми  гўшаву канори пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе намудор аст. Бояд гуфт, ки бо чунин  баландӣ сохта шудани Парчами кишвар арҷ гузоштан ба ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки то он рўз баландтарин сутуни парчам дар Озарбойҷон буд, ки дарозиаш ба 162 метр мебошад. Қабл аз он баландтарин сутуни парчам дар Кореяи Шимолӣ 160 метр, дар Туркманистон 133 метр, дар Урдун 127 метр, дар Амороти Муттаҳидаи Араб 123 метр, дар Малайзия ва Бразилия 100 метр мавҷуд буд. Хушбахтона, Тоҷикистон дар байни ҳамаи онҳо мақоми аввалро ишғол кард. Сохтмони сутуни Парчами Тоҷикистон ҳанўз аз моҳи ноябри соли 2010 оғоз гардид. Сохтмони онро кормандони ширкати "Алюминбинокор" ва ширкати байналмилалии "Tzldеnt Support" ба ўҳда доштанд. Сутуни Парчам аслан аз оҳан сохта шуда, ранги сафед дорад ва аз масофаи дур дида мешавад.

Бешубҳа, шукўҳу шаҳомати Парчам дар зеҳни мардум ҳисси ифтихори миллиро баланд бардошта, муҳаббати ҳар тоҷику тоҷикистониро нисбат ба Ватан афзун мегардонад.

Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ширкати  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр барафрохта шуд. Атрофи парчам, поя ва роҳравҳои он бо санги ороишии хорои сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфта, ба ҳусни шаҳри бостонии мо шукўҳу шаҳомати хоса эҳдо намуд.

Парчами баландпояи Тоҷикистон таҷассумгари сулҳу Ваҳдат, рамзи Истиқлолияти комил, ифодагари нангу номус ва муттаҳидию сарҷамъӣ мебошад.

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва шоистаи эҳтироми хосаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрўз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд. Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда,  ба шарофати партави Парчам мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек  гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчам, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мо аст, дар замири худ мепарастанд.

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

Тоҷибой Султонзода,
мудири шўъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси вилояти Суғд,

Илҳом Мадализода,
мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси шаҳри Гулистон

Add comment


Security code
Refresh