Таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Суғд дар дигар манотиқи Тоҷикистон истифода мешавад

Нимаи дуюми 15 ноябр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ семинар-машварат баргузор шуд.

Дар ин семинар - машварат мудирони бахшҳои кор бо занон, муовинони раисони  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, масъулини дахлдори соҳаҳои гуногун вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар машварат Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат таъкид кард, ки масъулин ва сокинони вилояти Суғд дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори хоса зоҳир намуда, дар давоми 3 сол ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ба таъкиди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  159 марказҳои атласу адрасбофӣ ташкил гардид, ки дар онҳо 490 дастгоҳ насб карда шуда, 240 нафар бонувони ҳунарманд зиёда аз 1100 нафар занону духтарони хонашинро ба омӯзиши ҳунари атласу адрасбофӣ ҷалб намудаанд. Теъдоди марказҳои қолинбофӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 52 ададро ташкил намуда, дар онҳо 190 дастгоҳҳои қолинбофӣ дастрас гардида, барои бофтани қолинҳо истифода шуда истодаанд. Зикр гардид, ки имрузҳо дар баробари атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ ҳамзамон сӯзанидӯзӣ ва гулдӯзӣ низ рушд меёбад. Ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис дода шуда, дар се соли охир барои амалисозии 90 лоиҳаи занони ҳунарманд 600 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар идомаи машварат Азим Иброҳим барои рушди ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз таҷрибаи ҳунармандзанони вилояти Суғд дар дигар минтақаҳои мамлакат масъулини ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Мурғоб, Ишкошим ва шаҳри Хоруғро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷайҳунро ба шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус ва Ёвонро ба шаҳри Гулистон, шаҳрҳои Кӯлобу Сарбанд ва ноҳияи Хуросонро ба ноҳияи Деваштич, ноҳияҳои Мӯъминобод, Восеъ ва Ҳамадониро ба ноҳияи Зафарбод, ноҳияҳои Фархор, Темурмалик ва Данғараро ба шағри Истаравшан, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувонро ба шаҳри Исфара, шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Ҳисорро ба шаҳри Конибодом, шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ва ноҳияи Лахшро ба ноҳияи Мастчоҳ, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзобро ба шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Нуробод ва Сангворро ба ноҳияи Спитамен, ноҳияҳои Тоҷикобод, Файзобод ва Раштро ба шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Дарвоз,  Ванҷ ва Рушонро ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаро ба ноҳияи Шаҳристон вобаста намуд то дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунарҳои мардумиро дар минтақаҳои худ эҳё намоянд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ зикр дошт, ки маҳз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузои сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин ва  бо шуғли доимӣ таъмин намудани онҳо дар вилояти Суғд ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик аз қабили атласу адрасбофӣ, қолинбофии дастӣ ва ҳунарҳои дузандагӣ аз нав эҳё карда шуд. Дар ин  раванд барои омӯзиши сокинони вилоят ҳунармандон аз Эрону Афғонистон ҷалб гардида, нозукиҳои қолинбофӣ ба бонувон омӯзонида шуд. Айни замон занони маҳаллӣ худ қодир ҳастанд, ки нозукиҳои ҳунарҳои зикргардидаро ба занону духтарони дигар омӯзонанд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии “Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” таъсис дода шуд, таъсиси марказ бешубҳа барои рушди ҳунарҳои халқӣ нақши муассири худро гузошта истодааст. Зикр гардид, ки аз оғози фаъолияти марказҳои атласу адрасбофӣ дар вилоят 27 ҳазору 800 метр мато истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зикр дошт, ки имруз дар баробари ҳунарҳои зикргардида бофтани таблофарш бо истифода аз расмҳои гуногуни манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ки онҳо низ харидорони сершумор доранд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки бояд дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот марказҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ ташкил гардида, барои расидан ба мақсадҳои судманд раисони шаҳру ноҳияҳо ҳунармандонро дастгирӣ намоянд. Зеро бо  ин роҳ метавон дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардид.

Дар идомаи семинар-машварат Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки мо ҳамеша омода ҳастем барои соҳибкасб гардидани занони ҳамаи манотиқи мамлакат кӯмак намоем.

Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дод то дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони вилояти Суғд марказҳои ҳунармандиро ташкил намуда, ҳунарҳои аҷдодиро эҳё  ва бонувони бекорро ба шуғл ҷалб намоянд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки санаи 14 ноябр як гурӯҳи масъулин аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, қолинбофии дастӣ ва атласу адрасбофӣ ба вилояти Суғд омада буданд. Ҳайати меҳмонон аз марказҳои таълимӣ истеҳсолии “Озода”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Куруш” ва “Ориён”-и ноҳияи Спитамен, “Шероз” ва “Савр”-и шаҳри Хуҷанд, “Лаби ҳавзча” ва “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Арбоб” боздид намуда, бо рафти омӯзиш ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас аз наздик шинос гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh