Муаррифии китоби «Фурӯғи ишқ»

Китоби нави нависанда Маъруф Бобоҷон бо номи «Фурӯғи ишқ» аз чоп баромад, ки он аз як романи бузургҳаҷм иборат аст.

Ба ин муносибат дар толори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ муаррифии китоби мазкур баргузор шуд. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси Шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оғоз бахшид. Сипас маърӯзаҳои номзади илми филологӣ, дотсент Субҳони Аъзамзод бо номи «Фурӯғи ишқ» - намунае аз романи иҷтимоии имрӯз, доктори илмҳои филологӣ Замира ӯлмасова «Лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти инсон дар романи «Фурӯғи ишқ», номзади илмҳои филологӣ Зоҳидҷон Қӯрғонов «Виҷагиҳои забони романи «Фурӯғи ишқ» шунида шуданд.

Дар қисмати музокиравӣ адабиётшинос, профессор, доктори илмҳои филологӣ Неъматҷон Файзуллоев ва ҳофизи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов фикру андешаҳои худро дар бораи китоб баён карданд.

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,
донишҷӯи соли дуюми шӯъбаи
рӯзноманигории ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh