Фарҳангиён қадршиносӣ шуданд

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати фарҳанги вилояти Суғд  дар нўҳмоҳаи соли 2016 дар толори Китобхонаи оммавӣ-вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев оид ба дастоварду муаммоҳои соҳа сухан ронда, иброз дошт, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангии вилоят тамоми кормандони соҳа бурдборона меҳнат карда, ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ сазовор гаштанд.

Санъаткорони шўъбаву бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 23-юмин сол-гарди Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли қисмҳои низомӣ бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ карда бошанд, кормандони Осорхонаи таърихӣ бахшида ба Рўзи модар, Соли фарди солим, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилоят вохўрии хотирмон доир карданд. Барномаи консертӣ ва намоишномаҳои театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни Наврўз ва «Корвони наврўзӣ» аз ҷониби масъулини Раёсати фарҳанг ҷараён гирифта, дар шаҳру навоҳии вилоят бошукўҳ ҷашн гирифта шуд.

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии мардумӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав «Рўзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят» ташкил ва баргузор гардид. Бахшида ба ҷашни таърихӣ дар ноҳияҳои Зафарободу Деваштич Қасри фарҳанг пурра таъмир гардида, Кохи фарҳанги «Суғдиён» ва Маҷмааи фарҳангию таърихии «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.

Тақдиронидани кормандони соҳа бо Ифтихорнома, диплом ва нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падидаҳои нек дар даврони Истиқлолият  ба шумор рафт.

Шиора САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh