Фаввораҳо дар боғи фарҳангӣ
- Details
- Published on Wednesday, 09 November 2016 14:42
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Абдураҳмон Уктамов ва Абдуманнон Ахмедов дар дохили боғи маданият ва истироҳати шаҳр маҷмааи фаввораҳои наву замонавӣ ба истифода дода шуд.
Дар чорабинӣ, ки бо иштироки васеи сокинон ва намояндагони қишрҳои гуногун доир гашт, раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, аз самти корҳои ободониву созандагии шаҳр, инчунин аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумат ҳарф зад. Иқдоми ин соҳибкоронро саривақтӣ арзёбӣ намуда, дигар сокинони шаҳрро ба пайгирии чунин иқдомҳи наҷиб даъват кард.
Баъдан аз тарафи санъакорони шаҳр консерти идона пешкаш карда шуд.
Парвина Абдуллоева,
шаҳри Конибодом