Сухан аз меҳри Ватан мегуфт устод

Барои мардуми форсизабони дунё 24 сентябри соли 1977 рўзи сиёҳу ғам буд. Фарзанди барўманди Машриқзамин, шоири миллати тоҷик Мирзо Турсунзода аз олам гузашт. Яке аз сўзноктарин шеърҳои устод Лоиқ «Рўзи ҷаноза» аст.

Издиҳоми мотамӣ бо гиряи дилҳо гузашт,

Издиҳоми мотамӣ аз шаҳр чун дарё гузашт.

Во алам, эй кўҳсорон, қуллаеро яхч бурд,

Во дареғ, эй Тоҷикистон, аз ҷаҳон Мирзо гузашт.

Устод Турсунзода навишта буд: “Ҳар як устод бояд шогирд тарбия кунад. Ин даъват дар кори пурмашаққати ҳаррўзаи мо амалӣ мегардад. Адибони ҷавони мо фонди тиллоии адабиёти муосири тоҷик ва ояндаи мо мебошанд. Fамхорӣ дар ҳаққи онҳо вазифаи мост”.

Аз ҳамин лиҳоз, устод бисёр адибонро тарбия ва пуштибонӣ намудааст.

Воқеан, устод Турсунзода бо шеъраш роҳи тундару тўфонро бастааст. Ҳамеша дарди касон, ғами замон аз рўзи ибтидо мисли дил дар синааш маскан гирифтааст. Бо осори ҷовидонааш чўли ташналабро шодоб кардааст. Қутбӣ Киром накў гуфтааст:

Дўстон, дигар магўед, ки Турсунзода нест,

Он сипаҳсолори назм, он шоири дилдода нест.

Ақли дунёро ба каф оварда бар мо дода нест,

Ҳаст ў бар қисмати мо мекунад як умр зист.

Боре ба устод Лоиқ саволе дода буданд, ки Шумо шогирди тавонои устод Турсунзода ҳастед. Силсилаи шеърҳое бо номи «Сипоснома» дар бораи бузургии Мирзо Турсунзода эҷод намуда будед. Бадхоҳон дар матбуот устодро бўҳтон зада истодаанд. Шумо хомўшед! Лоиқ мегўяд: - Устод Турсунзода офтоб буданд. Ба офтоб нигоҳ кунӣ, кўр мешавӣ ва байтеро хонд:

Зиндаи ў гар мубориз буда андар зиндагӣ,

Мурдаи ў ҳам муборизтар зи чандин Рустам аст.

Устод Турсунзода вазифаи муқаддаси хешро дар ҷомеа танҳо аз эҷод кардани ашъори ноб намедонист. Ҳамчун ватандору ватандўст устод тавонист, дар бисёр кунгураву ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карда, кишвари тоҷиконро дар ақсои олам муаррифӣ намояд. Шогирди сипосдору посдори устод Лоиқ нисбати сафарҳои пурбаракату сулҳофарини ў гуфтааст:

Сайри дунё кардани ў сайри дилҳо кардан аст,

Раҳми дунё хўрдан аст, аммо на дунё хўрдан аст.

Гашт дар рўи замин, то дид рўи одамин,

Дил ба дунё додани ў дил ба даст овардан аст.

Камоли адолату сипосгузорист, ки дар айёми мо асли моҳияту эҷодиёти устод Турсунзода хуб ва дақиқ дарк гардид. Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин фарзанди барўманди миллат унвони миллӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст.

Усмон БАРОТ,
омўзгор, ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh