Шиносоӣ бо ҷараёни наворгирии филми нави Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” дар ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент

Дар поёни сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо ҷараёни наворбардории филми нави Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” шинос шуданд.

Раиси вилоят ҷараёни сабтро мушоҳида намуд ва бо коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар дар таҳияи филми нав сӯҳбат намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, айни замон дар ҷамоати Амондараи шаҳр аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” наворгирии филми наве бо номи “Тангно” аз рӯи асари нависандаи шинохтаи тоҷик Сорбон идома дорад.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди кинои миллӣ бо иқдоми роҳбарияти вилоят таъсис дода шуда, аз ҷониби “Суғдсинамо” то имрӯз филмҳои “Коса”, “Духтари Сайҳун”, “12 соли интизорӣ” омода ва пешкаши бинандаи тоҷик гардонида шудааст. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл филми таҳиянамудаи гуруҳи эҷодӣ бо номи "Коса" дар фестивали кушоди байналмилалӣ дар Лондони Британияи Кабир ба гирифтани ҷоиза мушарраф гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh