“Зебо” - ро дар Қувайт хуш пазируфтанд!

Ҳангоми вориди бинои Қасри фарҳангии «Суғдиён» шудан ба гўш овози форами мусиқии ҷаззоб ва мафтункунандае расида, касро беихтиёр ба олами зебои дунёи орзуҳо мебарад. Ин Қасри фарҳангӣ, ки дар маросими баистифодадиҳии он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд, имрўз тобиши дигаре дошта, бо зебоию чашмрабоӣ мавриди таваҷҷўҳи ҳамагон гаштааст. Дохили биноро серодам дида, гумон кардам, ки аллакай баргузории чорабиниҳо дар ин қасри мўҳташам оғоз шудааст. Дар ҳақиқат, дар толори намоиш кўдакони хушбахти даврони Истиқлол намоиши ҳунар мекарданду ба чорабинии фарҳангӣ - Фестивали «Адрас ва атласи Суғд-2016» омодагӣ медиданд.

Сохтмони ин иншоот моҳи феврали соли 2015 оғоз ёфта, давоми 8 моҳ бинокорону сохтмончиён, меъморону наққошон меҳнати бурдборона ба анҷом расониданд. Беш аз бист утоқи кории дорои тамоми шароити замонавӣ, хобгоҳ барои 80 нафар, толори қабули меҳмонон, ошхонаву утоқи тамрин мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар се ошёнаи бинои ба истифода додашуда, инчунин толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, кормандони шўъбаи ақди никоҳ ва асноди шаҳрвандии шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд фаъолият мебаранд.

Ҳунармандони зиёда аз 60-нафараи Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ки сарвариашро Шаҳло Ҷалилова ба ўҳда дорад, имрўз хурсандиашонро пинҳон карда наметавонанд. Зеро ба истифода додани чунин бинои боҳашамат ва дорои тамоми шароитҳои замони муосир ба онҳо имкон додааст, ки доираи фаъолияташонро васеъ карда, барои дарёфти истеъдодҳои нав, тайёр кардани чеҳраҳои шинохта ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати ҳунармандон заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Аҳли ҳунар бо сипосу шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ба давлату Ҳукумат, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои бунёди чунин қасри фарҳангии замонавӣ фаъолияташонро идома дода, барои боз ҳам ҷонноктар кардани фаъолияти ансамбл кўшиш ба харҷ медиҳанд. Натиҷаи заҳмату талош ва меҳнати фидокоронаи аҳли ҳунар буд, ки дастаи ҳунарии ансамбл тавонист, дар чорабинии рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон, ки санаҳои 20-22-юми сентябр дар Қувайт баргузор гардид, муаррифгари давлати тоҷикон ва расму оинҳои миллии мо бошанд.  Мардуми давлати Қувайт онҳоро хуш пазируфтанду ба санъати беҳамтои тоҷикона, расму оинҳои мардумӣ ва ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд. Рақсҳои ҷаззобу дилфиреб ва суруду оҳангҳои дилошўб тасхиргари қалби ҳамагон буду кафкўбиҳои пурмавҷ толорро аксандозӣ мекард. 

Маҳмудҷон Ёрматов-ҷонишини директори Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода» иброз дошт, ки шурўъ аз 1-уми ноябри соли 20016 барои дарёфти истеъдодҳои ҷавону тайёр кардани чеҳраҳои нав кастинг-озмун баргузор мегардад, ки ихлосмандону соҳибистеъдодҳо метавонанд, худро номнавис карда, дар он иштирок намоянд. Ҳамчунин, барои дастаи ҳунарии рақсии ҷавонписарони «Fаффор Валаматзода», дастаи ҳунарии рақсии «Балети муосир», дастаи ҳунарии созию овозии миллӣ, эстрадӣ низ озмун эълон шудааст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд. Мардуми тоҷик аз азал фарҳангдўсту ҳунарманд буданду ҳастанд ва чунин хоҳанд монд. Агар ба нақшу нигор ва ороишҳои бо усули меъморӣ орододашудаи Қасри фарҳанги «Суғдиён» назар афканед, бешубҳа, ба санъати тоҷикон баҳои баланд хоҳед дод. Зеро дастони сеҳрофари ҳунармандон тавонистааст, ҳусни биноро боз ҳам бошукўҳтар гардонад.

Умед дорем,  санъати волои тоҷик, ки тўли садсолаҳо тасхиргари қалби ҳамагон буд ва «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ки дар ҷаҳон шўҳратёр аст, баробари оғози фаъолият дар бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳазонидашуда бо воситаҳои техникӣ ҳунари худро боз ҳам доманадор карда, парчамафшони давлату миллати хеш хоҳанд шуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh